Имрӯз бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии футбол байни дастаҳои иттифоқҳои касабаи вилоят мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди футболи хурд доир гардид, ки дар он 8 даста ширкат доштанд.

Дастаи футболбозони Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз дастаҳои муаррификунандаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ барандаи Ҷоми мусобиқаи мазкур гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар бозии финалии мусобиқа дастаи футболбозони Иттифоқи касабаи Донишгоҳ бо дастаи футболбозони Иттифоқи касабаи соҳаи нақлиёти вилоят рақобат намуданд. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 18-6 бо пирӯзии дастаи Иттифоқи касабаи Донишгоҳ анҷом ёфт.

Дар охир, дастаи футболбозони Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо Ҷом, медал, Ифтихорномаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Пирӯзӣ муборак бошад, устодони азиз!