Дар ҷаласаи мазкур декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Баҳодуров Б.Ф., дотсентон Садриддини А., Баротов М., Наботов Ф., н.и.т. Мирзоев Ғ., н.и.т. Қурбонов М., н.и.т. Ҷалилов М. ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд. Бояд қайд кард, ки рисолаи мазкур тули қариб як моҳ мешавад, ки аз ҷониби устодони кафедра ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуда буд.

Ҳайати олимон ва устодони кафедра баъди шунидани баромади унвонҷӯ иброз намуданд, ки мо бояд ба кори пешниҳодшуда хулосаи арзанда диҳем. Сипас оиди мубрамият, навгонии илмӣ ва муҳтавои диссертатсияи мазкур гуфта гузашта, ба унвонҷӯ маслиҳатҳои муфид доданд. Устодони кафедра барои навиштани тақризи мусбӣ ба диссертатсия якдилона овоз доданд.