Шоми 25-уми майи соли равон дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ҷонибдорӣ аз эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Ташаббуси эълони ин рӯзро президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бори нахуст рӯзи 9 феврали соли равон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард. Дар пешнињод таъкид шудааст, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар пешниҳод ба СММ таъкид намуда буданд, ки “Ин як намуди варзиш падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур менамояд. Ин як варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин, пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад”.

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду кишвари дигар – Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Аз ин пас дар ҷаҳон ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро қабул намуд.