Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав дарси кушоди Зулфиқор Давлатов, омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукӣ бо донишҷӯёни 201-202-и ихтисоси хадамоти гумрук аз фанни “Кодекси гумрук” дар мавзуи “Брокери гумрукӣ (намоянда) ҳуқуқ ва вазифаҳои он дар барасмиятдарории гумрукӣ” баргузор гардид.

Дар дарси кушод Бурҳон Шодиев, декани факултет, Раҳматулло Аминов, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.