Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва Маҳмадкарим Шарипов, раиси Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо доираи васеъи донишҷӯён баргузор шуд.

Инчунин, дар раванди кушодашавии озмуни мазкур донишҷӯён ва устодони онҳо, ки дар озмунҳои гуногун аз қабили “Муҳаққиқ ва ихтирокори ҷавон” ва Олимпиадияи ҷумҳуриявии миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар ғолиб омада буданд бо Фармоиши ректори донишгоҳ муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат қадрдонӣ гардиданд.