Дар Варзишгоҳи донишгоҳ мусобиқаи футбол байни донишҷӯён барои Ҷоми Иттифоқи касабаи донишгоҳ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷамъбаст гардид. Дар мусобиқа, ки муддати 30 рӯз давом намуд, донишҷӯёни ҳамаи 14 факултети донишгоҳ иштирок намуданд. Мусобиқа бо иштироки фаъоли донишҷӯён ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Маҳмадкарим Шарифов – раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ, Ҳамдамзода Хурсанд – муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим иштирок ва баромад намуданд. Таъкид гардид, ки мақсади ташкили мусобиқаи футбол таҳкими дӯстӣ байни ҷавонон, рушди футбол дар донишгоҳ, дарёфти истеъдодҳои нав барои дастаи мунтахаби донишгоҳ, дарки аҳаммияти таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва нақши футбол дар ҳаёти ҷавонон мебошад. Дар бозиҳои ниҳоӣ бо нишон додани бозии хуб факултетҳои зерин соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд:

🥇 факултети педагогика ва варзиш
🥈 факулети молиявию иқтисодӣ
🥉 факултети математика

Абдулҳадов Муҳаммад (факултети педагогика ва варзиш) Миров Меҳроб (факултети математика) ва Хосиятов Сайфиддин (факултети молиявию иқтисодӣ) бозингарони беҳтарини мусобиқа дониста шуданд.

Ғолибони мусобиқа ва бозингарони беҳтарин бо Ҷом, медал, диплом ва мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ба дастаҳои иштирокдорони мусобиқа, мухлисон, тамошобинон ва муассисони мусобиқа барои рӯзҳои ҳаяҷонӣ ва хубу хотирмон изҳори сипоси амиқ менамоем! Мо хурсандем, ки чунин намуди варзиш – футбол ҷавононро муттаҳид месозад.

Пирӯзӣ муборак!