ЭЪЛОН!

Ба диққати хатмкунандагони курсҳои 4 ва 5-уми ҳамгирои таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав расонида мешавад, ки дарсҳои ҳузурӣ аз 17-уми майи соли 2024 оғоз мегарданд.

Муфассал

Хатлониён – Қаҳрамонони иттиҳоди Шуравӣ

Тавре ки аз осори нашршудаи муҳаққиқони таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум аст, 64 нафар аз Тоҷикистон барои корнамоиҳои ҷангӣ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардида, 21 нафар дорандагони ордени «Шараф», дараҷаҳои I, II, III гардидаанд. Ҳамин тариқ, қариб дар ҳамаи набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони Хатлон буданд ва онҳо бо душман далерона ҷангида, қаҳрамонӣ…

Муфассал

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН

Имрӯзҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ бо мақсади рушду оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусобиқаи футбол миёни омӯзгорон ва донишҷӯён идома дорад. Дар ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Маҳмадкарим Шарифов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ, Тоҷиддин Исозода, муовини ректор оид ба тарбия иштирок намуданд. Маврид ба…

Муфассал

Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст.

Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чи миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чи қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд. Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. Ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе, ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ,…

Муфассал

“ВАРЗИШ КАФИЛИ ИЛМУ ДОНИШ ВА ГАРАВИ САЛОМАТӢ”

Зери ин унвон ин субҳ бо иштироки васеи омӯзгорон ва донишҷӯён дар саҳни донишгоҳ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Мавриди қайд аст, ки машқҳои мазкур дар асоси дастури Раёсати донишгоҳ ва нақша – чорабиниҳои Созмони кор бо ҷавонон роҳандозӣ гардида, мунтазам идома меёбад.

Муфассал

ҲИМОЯИ МУВАФФАҚОНАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

Дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА -001- и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мадвалиев Ҷамолиддин Алиҷонович, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Терроризм, амалҳои террористӣ ва таъсири онҳо ба суботи сиёсии ҷомеа” аз рӯи ихтисоси (23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ), зери роҳбарии Муродова Нигина Сулаймоновна, доктори илмҳои сиёсӣ бо муваффақона…

Муфассал

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “НУРИ МАЪРИФАТ” ДОИР ШУД

Дар кафедраи педагогика маҳфили навбатии “Нури маърифат” бо иштироки омӯзгорону аъзоёни маҳфил баргузор гардид. Маҳфил бо сухани ифтитоҳии Назарова Наргис, роҳбари маҳфил оғоз гардид. Сипас, Ҳабибова Лола, донишҷӯйи курси панҷуми ихтисоси педагогика ва психология дар мавзуи «Таҳлили малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоӣ» маъруза намуд.

Муфассал