• Бознашр аз рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

Ба вуҷуд омадани шахсиятҳои бузург дар таърихи инсоният ин комёбии бузург буда, онҳо метавонанд дар рушду инкишофи ҷомеа саҳми худро гузоранд. Бузургии ин гуна ашхос аз он иборат аст, ки онҳо манфиатҳои ҷамъиятиро аз ҳама манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузошта, баҳри пешрафти ҷомеа хизмат менамоянд. Таърих зиёд шахсиятҳоеро медонад, ки дар лаҳзаҳои ҳассос чунин афрод тавонистаанд, ки миллату халқиятҳои худро муттаҳид намуда, онҳоро аз парокандашавӣ наҷот додаанд. Ба зумраи чунин шахсиятҳои бузурги ҷаҳонӣ сарварони сиёсӣ, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дохил шуда метавонанд.

Аз солҳои аввали соҳибистиқло-лӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба камол расонидани насли наврасу ҷавони кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин замина як силсила чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд, ки онҳо натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Ҳамасола бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд. Ин туҳфаест барои наврасону ҷавонони кишвар.

Пешвои миллат шахси маорифпарвар буда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудани сокинони кишвар, бахусус наврасону ҷавонон тамоми шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Чунин ғамхориҳо аз он дарак медиҳад, ки рушди давлатдорӣ ва шинохти арзишҳои милливу фарҳангӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Ҳамагон хуб медонем, ки бунёди миллат ва рушди давлатдорӣ аз соҳаи маориф ва илм вобастагӣ дорад.

Рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз вазъи таълиму тарбия ва фаъолияти босамари устодон алоқаманд аст. Солҳои охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузории неруи зеҳнии инсон таваҷҷуҳи хосса доранд, ки ин омил пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи минтақа ва байналмилалӣ замина мегузорад. Ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва дигар чорабиниҳои зеҳниву маърифатӣ роҳандозӣ гардида, дар ин самт садҳо нафар ҷавони соҳибистеъдод кашф шуданд, ки онҳо имрӯз ва оянда дар пешрафти ҷомеа саҳми худро хоҳанд гузошт.

Қайд намудан зарур аст, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2019 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бинои таълимии замонавии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва маҷмаи муосири варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт, ки барои ман ва ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур туҳфаи хотиравӣ мебошад.

Сарвари давлат зимни ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити бинои таълимӣ ба синфхонае, ки банда бо донишҷӯён дарс мегуфтам, ворид шуданд. Зимни воридшавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синфхона моро як ҳиссиёти наҷибу фараҳфизо фаро гирифт, ин ҳолат бо дидори як чеҳраи нуронӣ ва шахсияти барҷастаи таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Баробари ворид шудан ба синфхонаи таълимӣ бо ҳузури муборакашон Сарвари давлат нуру сафо оварданд. Бароям ҳамчун омӯзгори фанни сиёсатшиносӣ муяссар гардид, ки зимни ташрифи Роҳбари давлат ба синфхонаи мазкур ба донишҷӯён аз фанни таълимии “Сиёсатшиносӣ”, дар мавзӯи “Мактаби сарварии Пешвои миллат” дарс диҳам.

Пешвои миллат ба мо муроҷиат намуда, гуфтанд, ки бояд аз имконияту шароити мусоиди фароҳамовардаи давлату ҳукумат самаранок истифода намоем. Чанд муддате, ки дар суҳбати Сарвари давлат будем, суханҳои ҳикматбор, аз ҷумла дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихор доштан аз марзу буми кишвар, саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа, тарбия кардану роҳнамоии ҷавонон сухан намуданд. Хуб дар хотир дорам, ки дарси хештаншиносӣ бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси мардонагиву фарзонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор доштан аз сарзамини аҷдодӣ мебошад. Ҳангоми ба синфхонаи таълимӣ ворид шудани Пешвои миллат ҳамчун омӯзгори дарсдиҳанда эҳсоси шукргузорӣ намудам, ки бо Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рӯ суҳбат мекунам.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо мо – устодону донишҷӯён зикр доштанд, ки вазъи мураккабу печидаи замони муосир тақозо менамояд, ки сокинони кишвар, бахусус ҷавонон ҳушёриву зиракии сиёсии худро таҳким бахшида, ба қадри дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату суботи сиёсӣ, пешрафту ободии Ватани азизамон бирасанд. Неруву тавони худ-ро барои андӯхтани илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ сарф намуда, ҳамчун мутахассисони варзидаи замони худ дар пешрафти кишвар саҳмгузорӣ намоянд.

Суханҳои пурҳикмату роҳна-мунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотирам хуб нақш бастааст, ки гуфта буданд: – “Шумо, донишҷӯён, насли хушбахти замонед, ки дар чунин шароити мусоид таҳсил мекунед. Имрӯз давлату ҳукумат умед ба ояндаи шумо дорад. Шумо, донишҷӯён ва фарзандони азизам дар ихтисос ва факултете таҳсил мекунед, ки дар оянда аз рӯйи он бо фаъолияти самарабахшатон дар пешрафту татбиқи сиёсати созандаву бобарори давлату ҳукумат саҳм мегузоред”.

Тоҷиддин ИСОЗОДА, муовини

ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

http://javonon.tj/news/social/darsi-kheshtanshinos-bo-uzuri-peshvoi-millat/