Дастаи футболи донишгоҳ нахустин бозии худро барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон бо пирӯзӣ оғоз кард.

Дастаи футбол (кормандон)-и донишгоҳ дастаи пурқуввати Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш вилояти Хатлонро бо ҳисоби 8:7 мағлуб намуда, ба даври дигар роҳ ёфтанд.

Рақиби навбатии дастаи мо имрӯз дар қуръапартоӣ муайян мешавад. Футболбозони донишгоҳро бо ин ғалаба табрик намуда, дар бозиҳои дигар низ муваффақият хоҳонем.