Дастаи футболи донишгоҳ бозии дуюми худро низ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон бо ғалаба анҷом дод. Дастаи футбол (кормандон)-и донишгоҳ бо нишон додани маҳорати хуби бозӣ дастаи барқчиёни вилоятро бо ҳисоби 5:4 мағлуб намуда, ба марҳилаи навбатӣ баромаданд.

Рақиби навбатии дастаҳо тариқи қуръапартоӣ муайян мешавад.