• Бознашр аз рӯзномаи “Хатлон” 7 июни соли 2024, №36 (3557)


Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба як қатор масъалаҳои глобалии ҷаҳон ташаббусҳои беназир пешниҳод намудаанд. Яке аз ин иқдоми башардӯстона ғамхорӣ ба хотири ояндаи дурахшони аҳли башар, ба миён гузоштани ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва экологияи «сабз»-и сайёра мебошад.

Тоҷикистон беш аз 20 сол мешавад, ки ба раванди мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ ва пешомадҳои он меандешад ва натиҷаи онро дар конфронсу созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иброз медорад. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», «Солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт», соли 2013 «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об» «Солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар сатҳи СММ қабул шуда, мавриди амал қарор гирифтанд.

Бо вуҷуди амалишавии тадбирҳои зиёде вобаста ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар кураи Замин, ҳамзамон таваҷҷуҳ ба ҳифзи пиряхҳо равона гардидааст. Олимону мутахассисони соҳа қайд менамоянд, ки солҳои охир обшавии зиёди пиряхҳо ба назар мерасад ва ин метавонад, хавфу хатари обхезӣ ва камшавии захираҳои обии на танҳо кишвари мо, балки сайёраро ба вуҷуд орад. Бо мақсади ҳифзи пиряхҳо ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба об Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 Қатъномро дар бораи соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул кард. Пешвои миллат дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ вобаста ба мушкилоти глобалии обу экология ибрози андеша намуда, гуфтанд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст». Албатта, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, ҳарорати баланди ҳаво ва афзоиши техникаву технология ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Вобаста ба амалишавии масъалаи мазкур СММ бо пешбарии Раёсати Тоҷикистон ва подшоҳи Нидерланд Конфронси байналмилалиро баргузор намуд Тоҷикистон бо чунин пешниҳодҳо дар масъалаҳои глобалии обу иқлим дар қатори дигар кишварҳои абарқудрат мавқеи намоёнро соҳиб шудааст.

То ба имрӯз дар ҷаҳон беш аз 2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва ҳамасола аз ин мушкилот садҳо ҳазор нафар мефавтанд ва ё ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд.

Дар Тоҷикистон гардиши об ва захираи асосии он дар дарёву кӯлҳо, аз ҳисоби бориши барфу борон ва пиряхҳо ба вуҷуд меоянд.

Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи оқилонаи комплексӣ ва ҳифзи ин сарвати бебаҳои табиат барои мо хеле муҳим аст.

Масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна тақрибан 17-18 ҳазор км²-ро ташкил дода, аз ин шумора 60%-и обҳои минтақаро Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ ба шумор меравад ва пиряхҳо дар баландиҳои тақрибан 3400-5240 метр ҷойгир шудаанд. Пиряхҳо манбаи асосии оби кӯлу дарёҳо буда, қариб 6%-и масоҳати кишварро ташкил менамоянд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар солҳои охир тақрибан 1000 пиряхи ҳудуди кишвар аз байн рафтаанд. Ин раванд дар солҳои наздик боиси нигаронист.

Бояд гуфт, ки пиряхҳо сарвати бебаҳои табиат ба ҳисоб мераванд. Дар қисми ҳамвории Осиёи Миёна ва Тоҷикистон, ки иқлими хушкӣ дорад, пиряхҳо ва барфҳои баландкӯҳ ягона манбаи фаровони об аст.

Боришоти барф ва захираи пиряхҳо ибтидо ва афзоиши оби дарёҳои хурду калонро асос гузошта, дар гардиши замину водиҳо самараи дилхоҳ мебахшад. Пиряхҳо аз он ҷиҳат аҳамияти хос доранд, ки онҳо ҳангоми обшавии муътадил ба заминҳои обёришаванда таъсири мусбат мерасонанд. Аҳамияти дигари пиряхҳо аз он иборат аст, ки миқдори зиёди обро ҳангоми кам боридани барфу борон, дар худ нигоҳ медоранд ва як муддат олами табиатро бо об таъмин менамоянд. Ҳангоми боришоти барфу борон дар фасли зимистон обшавии пиряхҳо кам гардида, захираашон пурра мегарданд. Бинобар ин, пиряхҳо захираи дарозмуддати об ва танзимкунандаи табиии раванди кӯлу дарёҳо ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо бо вуҷуди паҳлуҳои дигари фоида оварданашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ хеле муҳиманд.

Дар маҷмуъ, масъалаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини экологияи сабз дар миёни сокинони рӯйи олам ташаббуси инсондӯстона ва созанда ба шумор меравад. Бо итминон гуфта метавонем, ки ҳангоми амалишавии ин пешниҳоду таклифҳо аҳолии рӯйи замин ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ ёфта, дар рушди ғизои солим, табиати зиндаву иқтисодиёти сабз ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд.

Салоҳиддин Тӯрахонов,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

http://khatlon-ruznoma.tj/…/4452-tashabbusi-peshvoi…