Бо фармоиши ректори донишгоҳ Шамсуллозода Холназар, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогии донишгоҳ ба тариқи гузариш ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи декани факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ таъин гардид.
Шамсуллозода Холназар, солҳои 1999-2004 донишҷӯи ихтисоси иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, солҳои 2004-2007 донишҷӯи ихтисоси ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, солҳои 2009-2011 ихтисоси ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 2011-2012 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 2007-2019 дар вазифаҳои гуногуни Прокуратураи вилояти Хатлон идои вазифа кардааст.
Шамсуллозода Холназар, ҳамкории худро бо ДДБ ба номи Носири Хусрав аз соли 2014 то 2019 омӯзгор- ҳамкори кафедраи назарияи иқтисод ва молия ва кафедраи фаъолияти бонкӣ фаъолият кардааст.
Дар ин замина, Шамсуллозода Холназар аз 2019 то 16-уми марти соли 2022 дар вазифаҳои мудири кафедраҳои менеҷмент ва фаъолияти гумрук кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2022 то 19-уми декабри соли 2022 дар вазифаи мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогии донишгоҳ фаъолият намудааст.
116116
78 комментариев
Нравится
Комментировать
Отправить