МУҲОКИМАИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ДДХ

Имрӯз, дар кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки тибқи қарори Шурои диссертатсионии 6D.КОА-035-и назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбар интихоб гардида буд, муҳокимаи диссертатсияи унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонов Меҳрубон Мирзоевич дар мавзуи “Ташаккул ва рушди воситаҳои алоқа дар вилояти Хатлони ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1924-1991)” баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шурои олимони факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборов И.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Сипас, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик Набиев В.М. ба сухан баромада, оид ба мубрамият, навгонии илмӣ ва муҳтавои диссертатсияи мазкур гуфта гузашта, маслиҳатҳои муфид доданд.

Все реакции:

5454