Имрӯз дар кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки тибқи қарори Шурои диссертатсионии 6D.КОА-035-и назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбар интихоб гардида буд, муҳокимаи дисертатсияи унвонҷӯйи кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Султонзода Беҳзод Султонӣ дар мавзуи “Лашкардории Аморати Бухоро дар замони тобеияти вассалӣ Россияи подшоҳӣ (солҳои 60-уми асри XIX – ибтидои асри XX)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯи ихтисоси 07.00.02-Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор гардид.

Ҷаласаро профессор Алимов Д.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсад аз ҷамъомад ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида шинос намуд.

Сипас, унвонҷӯ Султонзода Б.С. ба сухан баромада, оиди мазмуну муҳтавои рисолаи номзадиаш маърӯза кард. Баъдан устодони кафедра дотсент Садриддини А., дотсент Баротов М. ва омӯзгор Ҷалилов М. аз доираи мавзуи рисола саволҳо доданд ва унвонҷӯ ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои мусбӣ гардонид.

Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик н.и.т., дотсент Наботов Ф.С. иброз намуданд, ки мо диссертатсияи унвонҷӯро бояд баҳогузорӣ намуда, баъдан тақриз нависем.

Все реакции:

3939