Имрӯз, 11-уми феврали соли 2023 дар маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон”-и назди кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раъно Бобоҷониён, роҳбари Ассотсиатсияи “Медиа-алянс дар Тоҷикистон Абдумалик Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Икром Фатҳуллоев, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Дилором Маҳкамова, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сангимурод Шарипов ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Сараввал муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Икром Фатҳуллоев меҳмононро аз номи Раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ташкили чунин суҳбату вохӯриҳо бо устодону донишҷӯён, ба хусус омӯзгорони кафедраи рӯзноманигорӣ ва ихтисосмандони рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо) ва журналист-тарҷумон аз манфиат холӣ нест.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раъно Бобоҷониён вобаста ба раванди ҷаҳони муосир, касбияи эҷодкорон, ба вижа журналистон изҳори андеша намуда.

Мавсуф умумият ва фарқи журналистикаи касбиро аз журналистикаи шаҳрвандӣ низ шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ риоя намудани этикаи касбӣ, тибқи стандартҳои байналмилалӣ омода кардани маводи журналистӣ ва тарзи тайёр намудани маводи иттилоотӣ ва сатҳу сифати маводи омодашуда дар ВАО шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар шароити имруза ВАО ба рақобати шадид рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин ҳолат аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки ба масъалаи омодасозии мавод диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Яке аз талаботи асосӣ барои журналистон тибқи меёрӣ жанри омода кардани матлабҳо мебошад, – зикр кард Абдумалик Қодиров.

Все реакции:

4040