Сухани табрикии ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз

Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад. Бинобар ин, дар гузашта тоҷикон ба ҷашни Наврӯз даҳ рӯз пештар омодагӣ медиданд ва Рӯзи навро бо шодиву фараҳ дар хонаҳову наврӯзгоҳҳо пешвоз мегирифтанд. Ҳоло низ бо фаро расидани фасли баҳор ҳар як хонадони кишвари мо иди Наврӯзро бо расму оинҳои суннатии аҷдодӣ истиқбол мегиранд ва азизу гиромӣ медоранд.

Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тули мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми мост, ки Наврӯз ҳамчун иди баҳор, эҳёи табиат ва фарорасии соли нав ба таърихи бисёр халқу миллатҳои ҷаҳон ворид гашта, ҳаёти онҳоро рангу таровати тоза бахшидааст. Ҳоло иди Наврӯз дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрону Афғонистон, Туркия ва бархе аз мамолики арабӣ бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад. Имрӯз дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ин суннати деринаи аҷдодонамонро мардуми кишвар ба таври васеъ ҷашн мегиранд.

Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Тибқи таомули қадима хонаҳоро сафед мекунанд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад; дастархон меороянд, то файзу баракат аз хонадонашон канда нашавад; гул мегардонанд, то гули бахташон шукуфон бимонад; об мепошанд, то ҳама сол сероб гардад; донаи умед мекоранд, то файзи хирману баракати ҳосил дучанд афзояд. Муҳимтар аз ҳама дар остонаи иди Наврӯз бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат менамоянд, ба ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд.
Дар маҷмуъ Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав, қосиди баҳор, мабдаи ҳаёт, эҳёи табиат ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо мебошад.

Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Мавриде, ки Наврӯзро ҷашн мегирем, гӯё ба асли хеш, ба аҷдодоне, ки солиёни тулонӣ Наврӯзро ҷашн гирифта буданд, пайванде барпо мекунем, гӯё мерасем ба асолати хеш. Наврӯз ормонҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаро бо ҳам мепайвандад ва барои ҳадафҳои созанда моро роҳнамун месозад.

Боиси сарфарозист, ки дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Ҳадафҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Сарвари хирадманду Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд. Ин рисолати таърихӣ, қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва фарзи имониву шарти ватандории ҳар яки мост.

Мо ба хиради азалӣ, асолати созандагӣ ва ҳуввияти бунёдкории мардуми шарафманди тоҷик эътимоди қавӣ дорем ва эҳсос мекунем, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи Ҳукумати кишвар ва Роҳбари хирадманди он давлати соҳибистиқлоламон сӯйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои Наврӯзии имсолаамон амалӣ мегарданд.

Бо ҳамин эътимоди қавию таманниёти нек бори дигар ба ҳамаи устодону шогирдони донишгоҳ ва ба тамоми мардуми саодатманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон ҷашни фархундаи Наврӯзро табрик гуфта, ба хонадони Шумо иқболи нек, рӯзгори осуда ва файзу баракати наврӯзӣ таманно менамоям.

Бигузор Наврӯзи имсола барои ҳар яки Шумо бахту саодат, файзу баракат ва иқболу комёбиро армуғон биоварад.

Наврӯз муборак, ҳамкасбон ва шогирдони азиз!

Возможно, это изображение 1 человек и костюм

Все реакции:

133133