Имрӯз дар Мавзеи таълимию таҷрибавии “Зағертут”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳ доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯён, шоирону рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Нахуст, ҳайати меҳмонон аз дастархони Наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилал буд, дидан намуда ба чорабинӣ шукуҳи бештар бахшиданд. Таомҳои милллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва ҳафт мим ва анъанаҳои мардумӣ аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.

Чорабиниро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт.

Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.

Дар идомаи чорабинӣ ҷиҳати қадрдонӣ ба устодони собиқадори донишгоҳ бо маблағҳои пулӣ қадр шуданд.

Ҳамчунин, омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадиву докториашонро дар соли сипаришуда сарбаландона ҳимоя намудаанд бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Дар ҷамъбасти чорабинии Наврӯзӣ аз ҷониби дастаи “Левакант”-и донишгоҳ барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсу суруд пешкаши иштирокчиён карда шуд.

Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар донишгоҳ:

и ещё 22

Все реакции:

184184