Имрӯз,17-уми марти соли 2023 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ дидан намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ин рӯз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Дӯстӣ, А. Ҷомӣ ва Хуросон аз лабораторияҳои химиявӣ, биологӣ, физикӣ, синфхонаҳои лексионӣ, лингафонӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳ, толорҳои фарҳангӣ ва варзишгоҳи замонавии донишгоҳ дидан дидан намуданд.

Зимни суҳбат Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо хонандагон аз фаъолияти донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба довталабон буклет, ки муаррифи ихтисосҳои он аст супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ 14 факултет амал мекунад, ки аз рўйи 92 ихтисос мутахассис омода мекунад.

и ещё 9

Все реакции:

102102