Имрӯз бо икдоми Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аксияи “Тозагӣ гарави саломатист!” бо иштироки омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён ташкил ва гузаронида шуд.

Мақсади асосии гузаронидани ин аксия ҳифз кардани сарватҳои табиӣ ва замин унвон шуд.

Дар ҷараёни аксия иштирокчиён гирду атрофи шаҳри Бохтарро аз партовҳо тоза карданд.

Инчунин дар рафти аксия 2 ҳазор адад лавҳаҳои иттилоотӣ тақсим ва ба ҷавонону наврасон, сокинони шаҳри Бохтар оид ба риояи тозагии муҳити зист ва маданияти шаҳрдорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Все реакции:

1818