Ватандӯстӣ ин принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ватан, Модар қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар як инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаимо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайё аст.

Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватани азизамон ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, роҳбари мушфиқу ғамхори худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд.

Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвари маҳбубамон камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи хеш вафодор бошанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.

Вазифаи муқаддас ва рисолати мо, насли ҷавонидаврони соҳибистиқлолии кишвардар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо нерӯю ақлу заковат, инсондӯстиву меҳанпарастии хеш дар дили насли ҷавони имрӯза ҳамин эҳсоси гармии ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номусро, ки дар симои Пешвои муаззами миллатамон пайваста мушоҳида менамоем, бедор карда шаванд.

Зеро, ҷавонони мо дар чунин як замоне умр ба сар мебаранд, ки ҳар рӯз, ҳар лаҳза олами сиёсат, илму техника, тамаддун, фарҳангҳо дар тағйироту таҳаввулот аст ва ҳар лаҳза метавонанд тавассути расонаҳои иттилоотӣва дигар манбаъҳо гурӯҳҳои ғайр ва ифротгаро афкору андешаҳои ҷавононро тағйир дода, ба хотири манфиатҳо ва ғаразҳои ношоистаи худ онҳоро гумроҳ ва ба доми худ кашанд.

Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ҳамон ҳисси баланди Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ифтихор аз давлату миллат, маҳз метавонад пеши роҳичунин бадбахтиҳоро гиранд. Таърих борҳо собит намудааст, ки кишваре, ки ба таълиму тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон эътибори хосса зоҳир менамояд, пояҳои он давлат қавию устувор гашта, умри ҷовидонӣ мебинад.

Ин аст ки Пешвои муаззами миллат дар сиёсати худ ҷавононро нерӯи бузурги пешбарандаи ҷамъият ҳисобида, ояндаи миллату давлатро аз онҳо вобаста медонад ва пайваста таъкид менамояд, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияе тарбия намоем, ки чун фарзандони далеру шуҷои Ватан, қаҳрамонони халқ – Спитамен, Темурмалик, Деваштич, Муқаннаъ ва садҳо тани дигар худро сипари Ватани азизи хеш созанд. Барои ин пеш аз ҳама, бояд ҷавонони мо бо таҳсил ва ё шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, онҳоро ҳамеша ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудан, дар дили онҳо муҳаббат ба меҳнат ва кӯшиш барои ободии як гӯшаи диёр бедор намудан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Вазифаҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон иборат аст аз:

  • Ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо;
  • Ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо;
  • Фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муносибат бо назардошти манфиат ва талаботи онҳо;
  • Тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳими шахс, ки дар ғамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегарданд;
  • Тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзишимуҳими зиндагӣ, майли ба манфиати ҷомеа ва давлат меҳнат кардан;
  • Ташаккули талабот ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор дар коллективи меҳнатӣ.

Биноан насли наврас чунон бояд тарбия ёбанд, ки онон нафақат зодгоҳ, кишвар ва мардуми диёри хеш, ҳамчумин тамоми сайёра ва мардуми онро қадр намоянд. Ватан обод бо мардумаш, диёрро бидуни одамони гуногунмиллат тасаввур кардан мумкин нест. Ҳар шаҳрванди кишвар хоҳ зодаи сарзамин, хоҳ ташрифоварда баҳри обу ободонии манзилу диёр ҳиссагузор аст.

Ватандӯстӣ ин эҳсосоти баланди инсонӣ, қисмати ҷаҳонбинӣ ва муносибати шахсият нисбати кишвари азизи худ мебошад.

Вайсиддин Раҷабов,

докторант PhD – и кафедраи педагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав