Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни 11 донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он факултети Гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуда сазовори ҷои сеюм гардид.