Дар кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” муҳокимаи рисолаи номзадии Рузиев Меҳрубон Миралиевич дар мавзуи “Таҳқиқи луғавӣ-маъноӣ ва сохтории вожагони марбут ба ҳайвоноти хонагӣ (дар мисоли маводи лаҳҷаи Варзоб (гурӯҳи “варзобӣ”) гузаронида шуд.

Ҳоло Рузиев М.М. дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар муҳокимаи рисолаи мазкур докторони илмҳои филология, профессорон Икромов И., Тағоймуродов Р., номзадҳои илми филология, дотсентон Наимзода Қ., Аҳмадов С., Шарипов С., Назаров М., Қурбонова Р., Икромова М.И., Чиллаев С., Фақиров Х., Маҳмадалиева М., Раҳмонов М., омӯзгорон Бобохонов А., Ватанов Ш., Зоиров Х., Шомуддинова Ф. ва дигар устодон иштирок намуданд.