Тибқи дастуру супоришҳои Раёсати донишгоҳ ва нақша-чорабиниҳои Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ, бо ташаббуси факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар хобгоҳи донишҷӯён маҳфили “Ҳозирҷавобон” баргузор шуд.

Дар оғози чорабини қайд гардид, ки маҳфили мазкур бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” мебошад.

Гуфта шул, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва дохилӣ моро водор сохтааст то сатҳи донишҳои сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардошта, дар муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя карда тавонем.

Сипас, миёни донишҷӯён саволу ҷавоб гузаронида шуда, дар охир ғолибон бо Ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Давлатбек Қурбонов,

раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ