Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ифтитоҳи “Маркази забономӯзӣ ва фарҳанги Корея” бо иштироки Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси вилояти Хатлон, Квон Донсок – сафири кабири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ширкат доштанд.

Нахуст, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ҳайати меҳмононро пазироӣ карда таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири татбиқи ҳадафҳои олӣ ва стратегии хеш устуворона қадам мебардорад. Сиёсати хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушод мебошад. Ифтитоҳи ин марказ низ далели гуфтаҳои боло мебошад.

Омӯзиши забонҳо ва таъриху фарҳанги миллатҳои дунё барои боз ҳам наздик шудани онҳо ва пойдории сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмии миллатҳо мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Корея барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиё кишвари муҳим маҳсуб меёбад ва роҳбарияти олии кишвар тамоми тадбирҳоро ба кор гирифта истодааст, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи боз ҳам беҳтару хубтар барорад.

Робита дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар ниҳодҳо ба тақвияти равобити ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Умедворем, ки ин Марказ дар масъалаи дӯстии байни халқҳои Тоҷикистон ва Корея ва омӯзиши забони кореягӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Бори дигар, ифтитоҳи ин марказро барои ҳамаамон табрик мегӯям ва ба Марказ дар амри амалӣ шудани нақшаву барномаҳои худ ва, махсусан, таълими забони кореягӣ муваффақият хоҳонам.

Дар идома Квон Донсок, сафири кабири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея дар солҳои охир ибрози андеша назар намуда, масъалаи дар оянда бозҳам васеъ намудани доираи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, табодули кормандону донишҷӯёни ДДб ба номи Носири Хусрав бо муассисаҳои таълимии Корея ва омӯзиши забони кореягӣ суханронӣ намуд.