Дастаи олимпии Донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст…», ки миёни донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир гардид иштироки фаъолона доштанд.

Зимни натиҷагирӣ маълум гардид, ки Шамсзода Ҷамила, донишҷӯи курси 4 факултети забон ва адабиёти рус аз фанни забони русӣ ва Сандалов Амир, донишҷӯи курси 4 факултети сиёсат ва идораи давлатӣ аз фанни сиёсатшиносӣ ғолиб ғардиданд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз 47 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намояндаи 42 муассиса бо теъдоди 470 нафар иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ байни ҳам сабқат карданд.

Олимпиадаи мазкур Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ буда, он бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” роҳандозӣ гардида буд.

Мақсад аз баргузории он таблиғи донишҳои назариявӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, инкишоф додани неруи ақлӣ, баланд бардоштани савияи дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккури донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад.