Дар толори варзишии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Спартакиадаи варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дастаи волейболбозони донишгоҳ дар ин мусобиқа бомуваффақият баромад намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Дастаи волейболбозон бо медалу ҷом, диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Мусобиқа дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, сатҳи баланди ташкилӣ гузашта, шаҳодат аз маҳбубияти оммавии варзиш дар Тоҷикистони азиз медиҳад.

Муваффақият муборак бошад!