Дар Варзишгоҳи донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни омӯзгорону кормандон барои Ҷоми Иттифоқи касабаи донишгоҳ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷамъбаст гардид. Дар мусобиқа, ки аз 2 май то 31 майи соли ҷорӣ давом намуд, омӯзгорони ҳамаи 14 факултети донишгоҳ иштирок намуданд.

Мусобиқа бо иштироки фаъоли омӯзгорон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Маҳмадкарим Шарифов – раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ, Ҳамдамзода Хурсанд – муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим иштирок ва баромад намуданд. Дар баромадҳо зикр шуд, ки мақсади ташкили мусобиқаи футбол таҳкими дӯстӣ байни ҷавонон, рушди футбол дар донишгоҳ, дарёфти истеъдодҳои нав барои дастаи мунтахаби донишгоҳ, дарки аҳаммияти таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва нақши футбол дар ҳаёти ҷавонон мебошад.

Ташаббуси нави сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи варзиш ин аст, ки аз тарафи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудани «Рӯзи ҷаҳонии футбол» аст, ки бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.

Дар бозиҳои ниҳоӣ бо нишон додани бозии хуб факултетҳои зерин соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд:

1. факултети математика

2. факулети сиёсат ва идораи давлатӣ

3. факултети таърих ва ҳуқуқ

Миратов Сафархон (факултети математика), Мамадғафуров Исмоил (факултети сиёсат ва идораи давлатӣ) ва Садриддини Айниддин (факултети таърих ва ҳуқуқ) бозингарони беҳтарини мусобиқа дониста шуданд.

Ғолибони мусобиқа ва бозингарони беҳтарин бо Ҷом, медал, диплом ва мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.