5-уми июни соли 2024 гурӯҳи кории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зери роҳбарии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ва дар ҳайати зерин Шарифзода Шарифхон Хол, мушовири ректор, Наимов Бекмурод, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ, Шарипов Сангинмурод, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбия, Давлатов Валиҷон, ҳуқуқшинос дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо зиёиёни кишвар дар санаи 31 майи соли 2024 баён доштанд ва инчунин нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами №40, 41, 42 ва 32 ҷамоати деҳоти «Ориён» ва дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Кӯшониён дидан ба амал оварданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Донишгоҳ дар заминаи кумакҳои хеш ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии №41 дар деҳаи Сароб ду баста мизу курсӣ ба миқдори 27 миз ва 54 курсӣ ба Ҷамотаи деҳоти «Бустонқалъа» як баста мизу курсӣ бо теъдоди 12 миз ва 24 курсӣ ва инчунин Ҷамотати деҳоти «Сарвати истиқлол» деҳаи «Маданият» як баста мизу курсӣ бо теъдодти 14 мизу 28 курсӣ кумак расонид.