Дастури таълимӣ барои хабарнигорони парламентӣ

Дар арафаи соли нави таҳсил дар нашриёти “Матбаа”-и шаҳри Бохтар таҳти унвони “Журналистикаи парламентӣ” дастури таълимӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо рӯйи чоп омад. Муаллифи он сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон”, номзади илмҳои филологӣ Носирҷон Маъмурзода мебошад.

Китоби дарсӣ аз 166 саҳифа иборат буда, дар бораи таърихи парламент, сохтор, вазифаҳо ва салоҳиятҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди интихобот, махсусиятҳои фаъолияти журналистони парламентӣ ва воситаҳои ахбори оммаи парламентӣ маълумот медиҳад. Намунаҳо аз матлабҳои ВАО-и парламентӣ ва саволномаҳои тестӣ барои мукаммал гардонидани донишу малакаҳои касбии донишҷӯён дар самти журналистикаи парламентӣ мусоидат мекунанд.

Дастури таълимии мазкур аз бахшҳои “Журналистикаи парламентӣ чист?”, “Аз таърихи пайдоиши парламент”, “Заминаҳои таъсиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дар Тоҷикистон”, “Аз Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон то Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нигоҳе ба таърихи таъсиси мақоми олии намояндагӣ)”, “Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ва саҳми рӯзноманигорон дар бозтоби он”, “Маҷлиси Олӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон”, “Кумита, комиссия, фраксияву гурӯҳҳои парламентӣ”, “Ҳамкориҳои хориҷӣ ва байнипарламентӣ”, “Мақом ва вазифаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Интихоботи вакилон. Журналист чӣ ҳуқуқу уҳдадорӣ дорад?”, “ВАО-и парламентӣ дар Тоҷикистон”, “Тавсияҳо барои рӯзноманигорони навкоре, ки фаъолияти парламентро инъикос мекунанд” иборат буда, инчунин, барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён мавзуъҳо дода шудааст. Дар қисмати дигар таҳлили матнҳои журналистӣ аз ҳаёти парламенти Тоҷикистон (мавод барои дарсҳои амалӣ ва муҳокимаҳо) ва саволҳои тестӣ аз фанни “Журналистикаи парламентӣ” ҷой дода шудааст.

Тавре ки муаллиф менависад, журналистикаи парламентӣ дар баробари аввалин даъвати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон ба дунё омада, дар муҳити журналистӣ мавқеи устувор касб намуд. Тадриҷан дар рӯзномаю маҷаллаҳо мухбирони парламентӣ пайдо шуданд. Ба таърихи қариб 90-солаи парламенти Тоҷикистон назар афканем ва мавзуи парламентии он солҳоро таҳлил намоем, ба хулосае меоем, ки бисёр муқаррарот, усулҳо, шаклу услубҳои журналистикаи парламентӣ то имрӯз боқӣ мондаанд. “Пайгирӣ кардани баёни андешаи вакилон, дарки паёми аслии суханронии онҳо, дар хотир гирифтан ва бе таҳрифу илованависӣ интиқол додани иттилоот то хонанда аз ҷумлаи муҳимтарин малакаҳои тахассусии журналисти парламентӣ маҳсуб меёбанд.

Дар баробари ин журналисти дар Маҷлиси намояндагон аккредитатсияшуда бояд хусусияти кори парламент, низомномаи он, роҳбарияти Маҷлис, фраксияҳо, кумитаҳо, вакилони номдорро хуб донад, бо онҳо доим дар тамос бошад, бо хадамоти матбуотии Маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон, фраксияҳо ва кумитаҳо ҳамкории доимӣ ва пайваста дошта бошад. Хабарнигори парламентӣ вазифадор аст, ки бо истифода аз васоити муосири мухобиротӣ фавран ба идораи ВАО иттилооти боэътимод ва санҷидашударо расонад”, – навиштааст муаллиф.

Танҳо журналистикаи ҳирфаӣ ва беғараз имкон дорад, ки шаффофияти фаъолият ва дастрасии вакилони парламентро таъмин намояд. Аз ин ҷост, ки омӯзиши фанни “Журналистикаи парламентӣ” ҳамчун ҷузъи муҳимми журналистикаи муосир муҳимму актуалӣ буда, бо дарназардошти махсусиятҳои кори мақомоти олии қонунгузорӣ омода намудани мутахассисони ҳирфаии воситаҳои ахбори омма дар ин самт мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Китоб бо тавсияи Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба чоп расида, барои баҳрабардории донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, унвонҷӯён ва ходимони матбуоти даврӣ пешниҳод мегардад.