-Шумораи умумии донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав 18 790 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 4505 нафар, аз ҷумла 53 нафар бо дипломи аъло, хатм намудаанд,- гуфт ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Ҳоло дар донишгоҳ 43 кафедра фаъолият дошта, 19 доктори илм, 203 номзади илм ва дигар омӯзгорони унвондор ба таълиму таҳқиқот машғуланд. Потенсиали илмии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар шашмоҳаи аввали соли таҳсили 2023-2024 ба 32,2 фоиз рост меомад. Ин нишондод дар шаш моҳи аввали соли равон ба 34,5 расид, ки 2,3% зиёд шудааст.

-Ният дорем, дар оянда барои омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар ду бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ созем. Дар ин самт корҳои лоиҳакашӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Пас аз оғоз гардидани соли нави таҳсил бо омӯзгорони донишгоҳ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, баъдан корҳои сохтмониро шурӯъ хоҳем намуд, – илова кард ректори донишгоҳ.

Ин дар ҳолест, ки барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сохтмони бинои 7-ошёнаи хобгоҳ бо маром идома дорад.

Т. Толибзода,
«Хатлон»

http://khatlon-ruznoma.tj/…/4649-baroi-omzgoron-binoi…