Нозим Сафаров  соли 1939 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1963 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро (ҳоло ба номи С. Айнӣ) бо ихтисоси таъриху филология хатм мекунад ва ҳамон ҷо ба кори доимӣ мононда мешавад. Дар ин боргоҳи ҳунар то ба вазифаи декани факултаи омӯзгорӣ мерасад. Қобилияти кордонӣ ва ташкилотчигиашро ба ҳисоб гирифта, моҳи сентябри соли 1986 ба шуъбаи қӯрғонтепагии донишкада ба ҳайси директор гузаронида мешавад. Мавсуф дар солҳои фаъолияташ дар шуъба соҳиби дараҷаи илмии доктори илми таърих мегардад. Маҳз дар давраи роҳбарии ин шахси кордон, дидадаро ва навҷӯ тадриҷан заминаҳои мустақилияти шуъба ба миён омадан гирифт. Ӯ ҳамчун роҳбар бисёр кӯшид, ки симои ин боргоҳи маърифатро ҳамчун равшангари ҷомеа ба назари мардум ҷилвагар созад. Хато нахоҳем кард, агар гӯем, ки Нозим Сафаров аз нахустин садрнишиноне буд, ки ба киштинишастагон роҳи рушду нумуъро раҳнамоӣ мекард ва онҳоро ба сӯйи қуллаҳои дастнораси мурод ҳидоят менамуд. Акнун марҳилаи басо муҳим дар назди таълимгоҳи навбунёд меистoд. Ин ҳам бошад, кушодани бахшу факултаҳои нав, васеъ намудани биноҳои таълимӣ, мустаҳкам намудани пойдевори моддии илмию техникӣ буд.