САФАРОВ Ҷумъабой (тав. 1. 06. 1952, деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ аз хонадони зиёӣ), математик, докторҳои илмҳои физика ва математика (2010), профессори кафедраи таҳлили математикӣ. «Аълочии маорифи Тоҷикистон». Хатмкардаи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикситон (1974). Таҳсил дар мактаби миёнаи № 7 деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ (1959 – 1969), донишҷӯ (1969 – 1974), сарлаборанти Институти математика ва маркази ҳисоби АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974), коромӯз-тадқиқотчии Институти математикаи АИ СССР (ҳоло АИ Россия) (1974-1976), аспиранти институти номбаршуда (1976 – 1979), ходими хурди илмии шуъбаи муодилаҳои дифферентсиалии Институти математикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1980 дар Шӯрои диссертатсионии Институти математикаи АИ СССР дар мавзӯи «Теоремаҳои типпи Лиувилл барои синфи баъзе системаҳои навъи эллиптикӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Аз соли 1981 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар фаъолият кардааст. Мудири кафедраи таҳлили математикӣ (1982-1989), декани факултети математика (1989 – 2002), ҷонишини директори Хатлонбудаи Донишгоҳи муосири гуманитарии Тоҷикистону Руссия (2003-2006), иҷрокунандаи вазифаи декани шуъбаи ғоибонаи факултети табиатшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав, мудири кафедраи математикаи олӣ (2006-2008), сардори раёсати таҳсилоти донишгоҳ (2008 – 2009), ноиби ректор оид ба корҳои иқтисодии донишгоҳ ( 2009 – 2011). Аз соли 2011 то ин ҷониб мудири кафедраи таҳлили математикӣ. Дар мавзӯи «Функсияҳои дудаврдоштаи умумикардашудаи аналитикӣ ва татбиқи онҳо» рисолаи докторӣ (2010, Душанбе) ҳимоя кардааст. Сафаров Ҷ. аввалин шуда татбиқи функсияҳои эллиптикиро барои ҳалли системаҳои навъи эллиптикӣ нишон додааст. Системаҳои навъи эллиптикӣ дар ҳалли бисёр масъалаҳои механика, геометрия ва анализ дучор мешаванд. Ба ӯ муясар шуд, ки функсияҳои умумикардашудаи эллиптикии Вейфитрассро сохта ва татбиқи онҳоро дар системаи муодилаҳои ғайри хаттӣ нишон диҳад.

Муаллифи 1 монография ва беш аз 7 васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ дар журналҳои илмӣ мамолики Тоҷикистон, Руссия, Олмон, ИМА, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чехославания, Малазия ва ғайра чоп шудаанд. Шумораи иқтибосҳои ба корҳои илмии Сафаров Ҷ., ки дар НИИР (Ринк) нишон дода шуддаст, ба 70 адад расидааст. Таҳти роҳбарии Сафаров Ҷ. ду нафар рисолаи номзадиро дифоъ намуд ва якчанд нафарҳои дигар дар арафаи ҳимоя мебошанд. Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти математикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои диссертатсионии назди ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад.

Ос: Нишондодҳои методӣ доир ба ҳисоб кардани интеграли муайян бо ёрии тафриқҳо. – Бохтар 1987; Ҳалли мисолу масъалаҳо аз математика бо ёрии дохилшавандагони мактабҳои олӣ. – Бохтар, 1989; Мисолу масъалаҳо аз фанни таҳлили математикӣ барои донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона. – Бохтар 2007; Двоякопериодические обобщенные аналитические функции и их приложения (монография) – Душанбе, 2012; Элементҳои назария функсияҳои аналиткӣ ва татбиқи онҳо. – Бохтар 2014;