Шарипов Баҳром,

декани факултети забони англисӣ

Шарипов Баҳром Абдуалиевич 12-уми марти соли 1985 дар шаҳраки Исмоли Сомонии ноҳияи Кӯшониён ба дунё омадааст.

Таҳсил дар литсейи № 1-и шаҳраки Исмоили Сомонӣ н. Бохтар (1991-2002). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав (2007). Омӯзгорӣ кафедраи курси амалии забони англисӣ (2009-2015), бақайдгирандаи маркази тестӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ (2016-2018), муовини сардори маркази тестӣ (2019-2020), муовини декан оид ба таълими факултети забони англисӣ (2020-2024), декани факултети забони англисӣ (2024 то ҳол). Номзади илмҳои филология.

Оиладор соҳиби 3 фарзанд.

                      Факултети забонҳои хориҷӣ
Факултети забонҳои хориҷӣ тибқи қарори шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа № 5 аз 28. 01. 1998, қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 317 ва иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1/84 аз 11. 07. 1998 дар асоси факултети филология таъсис ёфтааст. То ин вақт дар назди факултети филология аз соли 1993 сар карда, шуъбаи забонҳои хориҷӣ бо ихтисосҳои забони англисӣ, забони олмонӣ, забон ва адабиёти рус амал менамуд. Баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити иқтисодию фарҳангӣ низ густариш ёфта, зарурати кушодани марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бавижа забонҳои англисию русӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, таъсиси шуъбаи забонҳои хориҷӣ дар заминаи факултети филологияи тоҷик ин амри тасодуфӣ набуда, балки зарурати воқеӣ дошт.

Факултет аз рӯи ихтисосҳои забони англисӣ, забон ва адабиёти рус кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ тайёр мекунад. Дар факулта донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикргардида дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд.. Факултет дорои 16 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи лингафонӣ, 1 синфхонаи таҷрибаомӯзӣ ва 7 кошонаи корӣ мебошад.
Факултет донишҷӯёнро ба магистратура ба тариқи шартномавӣ фаро гирифта аст.
Дар факултет 4 кафедра амал менамояд.
1.Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ.
Дар кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ 6 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд.

2. Кафедраи забон ва адабиёти рус.
Дар кафедраи забон ва адабиёти рус 9 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд. Сафарова Нигина, Ашурова Ш. дар заминаи ҳамин кафедра фаъолият намуда рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.
3. Кафедраи курси амалии забони англисӣ.
4.Кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ.

Факултет бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи забонҳо ба номи С. Улуғзода, ДДК ба номи Рӯдакӣ, Донишгоҳи славиании Русия- Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи Монтанаи ИМА, Донишгоҳи омӯзгории ш.Маскав ва Донишгоҳи омӯзгории ш. Алмаато равобити илмӣ дорад.
Хатмкардагони факултет Бойматов И., Валиев Ф., Расулова Л., Соатов У., Ҷалилов А. ва Камолов Ҷ. баъди хатми донишгоҳ дар Донишгоҳи Монтанаи ИМА таҳсилро давом дода, айни замон дар ИМА кор ва фаъолият мекунанд.

Имрӯз факултет бо номи собиқ хатмкардагонаш Абдураҳимов Қудратулло Саидович – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ноиби ректор оид ба таълим, Тӯрахонова Ҳалқамо Чиллахоновна – номзади илмҳои педагогӣ, Раҷабов Холмурод Ашурович – декани факултаи забонҳои хориҷӣ, Гулов Алимаҳмад саромӯзгори кафедраи педагогика ва психология, Мираков Шариф- корманди телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Зубайдуллои Қодир –журналисти телевизиони ҷумҳурӣ, Гулов Ҷамол – раиси суғуртаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Раҷабов Муродалӣ Ашурович – сардори шуъбаи раёсати гвардияи миллии ҶТ, полковник, ва дигарон ифтихор менамояд.