Декани  факултети  Информатика

ҲАСАНОВ Дӯстмурод Раҷабмуродович (тав. 24. 07. 1963 н. Куйбешев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ)-и вил. Хатлон, математик-физик, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2023). Таҳсил дар МТМУ (1980). Хатмкардаи филиали Қӯрғонтеппагии ИДПД ба номи Тарас Григоревич Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ)дар ш. Қӯрғонтеппа (ҳозира ДДБ ба номи Носири Хусрав, 1986) бо ихтисоси математик-физик. Омӯзгори фанни математика ва физика, ҷонишини директори МТМУ-и №18-и н. Куйбишев (1986–1991), омӯзгори «Кафедраи информатика»-и ДДБ ба номи Носири Хусрав (1991–1994), ҳамзамон корманди «Созмони наҷоти кӯдакон»-и Амрико (1994-2008).Аз январи соли 2013 мудири шуъбаи банақшагирӣ ва иқтисоди ДДБ ба номи Носири Хусрав. Муаллифи чандин рисолаву мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ. Бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012)сарфароз гардидааст.