Холназаров Мирзошариф,

декани факултети молиявию иқтисодӣ

Холназаров Мирзошариф Њаќназарович 30-уми августи соли 1982 дар  ноҳияи  Кӯшониён    ба дунё омадааст.

Хатмкардаи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (2010). Ассистенти кафедраи назарияи иқтисод ва молияи ДДҚ ба номи Носири Хусрав (2010). Ассистенти кафедраи ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои КАС-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2011). Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи кафедраи назарияи иқтисод ва молияи ДДҚ ба номи Носири Хусрав (2011-2013). Омӯзгори кафедраи назарияи иқтисод ва молияи ДДҚ ба номи Носири Хусрав (2014-2016). Мудири кафедраи молияи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2017-2019). Мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ-и ДДБ ба номи Носири Хусрав (2020). Декани факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ-и ДДБ ба номи Носири Хусрав (2021-2022). Ходими калони илмӣ раёсати илм ва инноватсияи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2023).

Соли 2016 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баландбардории самаранокии иқтисодӣ рушди занбурпарварӣ дар минтақа (дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)» рисолаи номзади дифоъ намудааст.

Муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва 3 монографияи илмӣ мебошад.