САЙДАЛИЕВ Ҳомид Пирхонович,

Декани факултети математика

3-юми октябри соли 1978 дар деҳаи Коррези ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Таҳсил дар макатаби миёнаи № 26-и н. Данғара (1986–1996). Хатмкардаи факултети математикаи ДДҚ  (ҳоло ДДБ) ба номи Носири Хусрав (2003). Аз соли 2006  дар «Кафедраи математикаи олӣ»-и ДДБ ба номи Носири Хусрав ба сифати омӯзгор фаъолият мекунад.

Муалифи 15 мақолаи илмӣ.

                       Факултети математика
Факултети математика яке аз аввалин факултаҳои донишгоҳ маҳсуб мегардад. Факулта ҳамсоли таълимгоҳ буда, дар соли 1978 бо номи факултаи физикаву математика арзи вуҷуд намуд. Соли аввал факулта 150 нафар донишҷӯ дошт.
Аз 1 сентябри соли 1979 факултаи физика ва математика ба факултаҳои алоҳида ҷудо шуд. Баъди ба факултаҳои физика ва математика тақсим шудан дар факултаи риёзӣ танҳо як нафар номзади илм Қурбонов Икром боқӣ монду халос. Соли 1982 ба факулта боз ду нафар олимони умедбахш-номзадҳои илмҳои физикаву математика Имомназаров Бекназар ва Сафаров Ҷумъабой ба кор пардохтанд.

Аз соли 1992 сар карда, бо даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва садорати донишгоҳ барои баланд бардоштани иқтидори илмии факулта номзадҳои илми физикаву математика Сатторов Абдурасул, Шамсуддинов Файзулло, Абдураҳимов Алимурод, Саидов Қурбоналӣ, Исматуллоев Абдуғаффор (шодравон), Неъматов Ҳаким, Шарифов Нусратулло ва профессор Шарифов Ҷумъа ба кор даъват карда шуданд, ки аз ин факулта нерӯю иқтидори зеҳнии тоза гирифт.
Айни замон факултет аз рӯйи се ихтисос мутахассис тайёр мекунад.:
1.Математика(Фаъолияти илмию педагогӣ)
2. Математика-информатика.
3.Математика-физика.
Имрӯз дар факултет чор нафар докторони илм, профессорон, 3 нафар дотсентон ва 5нафар номзадҳои илм фаъолият мекунанд.

Дар айни ҳол дар назди факулта 4 кафедра амал мекунад:
1. Кафедраи методикаи таълими математика. Кафедраи методикаи таълими математика аз соли 2000-ум инҷониб ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият карда меояд. Дар кафедра 7 нафар устодони доимӣ кор мекунанд, ки аз инҳо 1 нафар докторони илм, профессор ва 2 нафар номзади илм мебошанд.
Дар айни ҳол дар кафедра ду нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

2. Кафедраи алгебра ва геометрия.
Кафедраи алгебра ва геометрия аз соли 1992-юм инҷониб ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият карда меояд. Дар кафедра 2 нафар доктори илм, профессор, 1 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар саромӯзгор ва 3 нафар омӯзгорони ботаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.
3. Кафедраи математикаи олӣ ҳамсоли факулта буда, дар кафедра 3 нафар номзади илм, 4 нафар омӯзгорони ботаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.
4. Кафедраи таҳлили математикӣ аз соли 2008-ум ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият менамояд. Дар кафедраи номбурда 1 нафар доктори илм, профессор, 3 нафар номзади илм, дотсент, 3 нафар омӯзгорони ботаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.
Дар факултаи математика аз рӯи самтҳои зерин таҳқиқоти илмӣ бурда мешавад:
1. Усулҳои идоракунии оптималӣ дар шароити номуайянӣ ва методҳои тақрибӣ ҳисобкунии муодилаҳои операторӣ.(иҷрокунанда кафедраи информатика ва техникаи ҳисоб).
2. Истифодаи технологияи ахборотӣ- коммуникатсионӣ дар раванди таълим (иҷрокунанда кафедраи информатика ва ТҲ).
3. Такмили тайёрии методии муаллимони математика тавассути амалиёти таҳқиқотӣ (иҷрокунанда кафедраи усули таълими физика ва риёзӣ).
4. Корбасти усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни омӯзиши математика дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ (иҷрокунанда кафедраи усули таълими физика ва математика).
5. Назарияи сифатии муодилаҳои дифференсиалӣ. (иҷрокунанда кафедраи таҳлили математикӣ).
6. Ҷудошавандагии операторҳои дифференсиалӣ. (иҷрокунанда кафедраи алгебра ва геометрия).
7. Геометрияи фазои векторҳои зичнок. (иҷрокунанда кафедраи алгебра ва геометрия).
Донишҷӯёни факулта дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» доимо ширкат меварзанд.
Хатмкардагони факулта асосан дар мактабҳои миёна ба ҳайси омӯзгори математика ва аҳёнан дар дигар соҳаҳо фаъолият менамоянд. Факулта сафи устодонашро аз ҳисоби кадрҳои худӣ-собиқ хатмкардагонаш пурра кардааст.
Бо ташаббуси садорати факулта дар тӯли сол зиёда аз шаш маротиба конференсияи илмию назариявии умумиҷумҳурӣ созмон дода шудааст. Факултаи математика, ки худ ба як мактаб ва маркази хуби математикӣ мубаддал гардидааст, ба муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ робитаи зич дорад. Устодони факулта бо ДМТ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДДХ ба номи Б. Ғафуров, ДДК ба номи Рӯдакӣ, Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, ДДТТ ба номи М.С. Осимӣ, Пажӯҳишгоҳҳои математикаи АИ ҶТ, Украина, Донишгоҳи давлатии миллии Украина, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Украина, Донишгоҳи давлатии Қазон, Пажӯҳишгоҳи математикаи шаҳри Маскав ба номи В.А. Стеклов, шуъбаи дар Новосибирск будаи АИ Русия, Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Маскав робитаи зичи илмӣ доранд.
Натиҷаи кӯшишу ғайрат ва заҳматҳои зиёди ассистентону омӯзгорон ва дотсентони кафедра, инчунин кори пурмаҳсули семинарӣ буд, ки омӯзгорон дар докторантура ва аспирантура таҳсил намуда, аксарияташон рисолаҳои илмиашонро ҳимоя намудаанд.

Асри ХХI асри технологияи нав ва информатика мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд дар бораи ҷавонон ҳарчи бештар ғамхорӣ намоем, то ки онҳо пурра дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳони имрӯзаро аз худ намоянд.                                                                       

Эмомалӣ Раҳмон

Аз соли 1986 сар карда, дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон фанни нави информатика ҷорӣ гардида, барои пайдоиши кафедраҳои замонавии информатика поя гузошт.

Факултети информатика 25 сентябри соли 2009 бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №44-ФА ташкил дода шудааст. Он аз таркиби факултети математика, ки ҳамсоли донишгоҳ буда, яке аз аввалин факултаҳо маҳсуб мегардад ва соли 1978 ҳамчун факултети физикаву математика арзи ҳастӣ намудааст, ҷудо гардидааст.

Факултет дорои 13 синфхона, 2 озмоишгоҳи компютерӣ, 3 кафедра, 4 кошонаи корӣ мебошад. Айни замон дар факултет зиёда аз 800 нафар донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос-информатика, информатика-математика,системаҳои автоматикунонии ахбор ва идоракунӣ, низом ва технологияҳои иттилоотӣ таҳсил менамоянд.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои информатика ва САКА ва И шуъбаи магистратура фаъолият менамояд. Алҳол дар факултет 36 нафар устодону кормандон кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ин шумора 7 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 4 нафар саромӯзгорон, 5 нафар аспирантон ва шумораи боқимондаро омӯзгорону кормандони техникӣ ташкил медиҳанд. Аз байни устодони факултет 5 нафар ба гирифтани нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар ба дарёфти Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд.

Дар факултет се кафедра-кафедраи информатика ва методикаи таълими он, кафедраи САКА ва И, кафедраи технологияи итиллоотӣ фаъолият менамоянд.

Кафедраҳои факултет бо кафедраҳои ҳамноми донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он равобити зичи илмӣ доранд. Аз ҷумла, робитаи кафедраҳои факултет бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Қӯлоб ба номи Рӯдакӣ, Пажӯҳишгоҳи математикаи АИ ҶТ ва Донишгоҳҳои Ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва ғайра хеле пурсамар мебошад.

Тараққиёти босуръати технологияи информатсиониро ба назар гирифта, соли 1995 Шӯрои олимони донишгоҳ кафедраи мустақили информатика ва техникаи ҳисобро таъсис дод. Ба ин кафедра номзади илми физика-математика, дотсент Абдураҳимов Алимурод Одинаевич мудир таъин гардида буд. Соли 1996 бо супориши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр кафедраҳо муттаҳид карда шуданд. Ин раванд ба кафедраи информатика ва техникаи ҳисоб низ беасар намонд.

Ҳамин тариқ, кафедраи информатика баъди як сол барҳам хӯрд.  Он бо кафедраи таҳлили математикӣ якҷоя карда шуд. Бо тақозои давру замон ва таҳаввулоти босуръати техникаю технологияи компютерӣ кушодани кафедраи информатика ва техникаи ҳисоб ногузир гардид. Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 30. 06. 1998 таҳти рақами 10 кафедраи информатика ва техникаи ҳисоб аз нав эҳё гардид.

Аъзоёни кафедра дар ду самт корҳои илмӣ ва илмию методӣ бурда истодаанд:

1.Усулҳои оптималии идоракунӣ дар шароити номуайянӣ ва усулҳои тақрибии ҳисобкунии муодилаҳои операторӣ.

2.Истифодаи технологияи ахборотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим.

Самти якум ҷанбаи пурраи илмӣ дошта, самти дуюм характери илмӣ-методӣ дорад. Натиҷаи корҳои илмӣ ва илмию методии устодони кафедра дар маҷаллаҳои гуногуни илмию методӣ ба табъ расида, дар конференсияҳои умумидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аъзоёни кафедра мунтазам гузориш медиҳанд.

Ба шуъбаҳои навтаъсиси информатикаю системаи автоматии коркарди ахборот ва идоракунӣ (САКА ва И) асосан кафедраҳои информатика ва САКА ва И хизмат мерасонад. Теъдоди донишҷӯёни ин шуъбаҳо сол аз сол афзоиш дорад. Талаботи рӯзафзун ба техника ва технологияи компютерӣ дар назди ин кафедраҳо масъулияти бузергеро гузоштааст ва барои ҳалли бомуваффақияти онҳо ҳайати кафедра тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда истодаанд.

Солҳои 2007-2008 ин факултет бо факултети физика-математика якҷоя карда шуда, соли 2009 боз ба факултети мустақили информатика табдил дода шуд.

Факултет дорои 14 синфхона (панҷ синфхона бо тахтаи электронӣ), озмоишгоҳи компютерӣ, 3 кафедра, 4 кабинети корӣ мебошад. Айни замон дар факултет 662 нафар донишҷӯён аз рӯйи 4 ихтисос таҳсил менамоянд:

  1. Системаҳои автоматикунонидашуда.

  2. Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар коркард ва пешниҳоди иттилоот)

  3. Информатика.

  4. Шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот.

Таҳсил дар факултет дар шакли кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Аз миқдори умумии дар боло зикршудаи донишҷӯён 160 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 447 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯёне, ки ба тариқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, 55 нафарро ташкил дода, аз онҳо 26 нафар духтарон ва 29 нафар писарон мебошанд.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои информатика ва системаҳои автоматикунонидашуда шуъбаи магистратура фаъолият менамояд..

Алҳол дар факултет 36 нафар устодону кормандон кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ин шумора 7 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 5 нафар саромӯзгорон, 5 нафар аспирантон, 2 нафар докторантони PhD ва шумораи боқимондаро омӯзгорону кормандони техникӣ ташкил медиҳанд.

Дар факултет семинари илмӣ-дастурдиҳӣ (ШИД), се маҳфил ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) фаъолият доранд. Ҳар сол 70-80 нафар устодону донишҷӯёни факултет дар конференсияҳои гуногун баромад менамоянд.