Хужаев Умедҷон,

декани факултети педагогика ва варзиш

                  Хужаев Умедҷон Шарофович 14-уми июни соли 1983, дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Кӯшониён)  қабул шуда, онро соли 2000-ум хатм намудааст. Баъди хатми мактаб соли 2001 ба факултети  таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиши ДДБ  ба номи Носири Хусрав дохил шуда, онро соли 2008 аз рӯи ихтисоси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ бо муваффақият хатм кардааст. Солҳои 2009- 2010 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 –и ноҳияи Вахш ба сифати омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва солҳои 2011-2012 дар Мактаби варзишии шаҳри Бохтар кору фаъолият намудааст. Инчунин, фаъолияти кории  худро  аз  моҳи  сентябри  соли 2013 ба сифати омўзгори кафедраи варзиши факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиши ДДБ  ба номи Носири Хусрав оғоз намудааст. Ҳамзамон солҳои 2015 -2016 эдвайзери маркази тестӣ дар  факултети  таҳсилоти  ибтидоӣ  ва  варзиши ДДБ  ба номи Носири Хусрав. Солҳои  2016 -2020 бақайдгирандаи маркази тестӣ дар факултети  таҳсилоти  ибтидоӣ  ва  варзиши ДДБ  ба номи Носири Хусрав.  Солҳои  2021 – 2024         дар вазифаи мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии  факултети  педагогика ва варзиши  Донишгоҳи  давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав кор кардааст. Аз таърихи 27-уми марти 2024 бо фармоиши ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба вазифаи иҷрокунандаи декани факултети педагогика ва варзиши донишгоҳ таъин гардидааст.

Муаллифи беш аз 18 мақолаи илмӣ ва илмӣ – метод, 8 барномаи таълимӣ, 2 дастури таълимӣ  ва 1 монография мебошад.