БАҲОДУРОВ Беҳрӯз Файзуллоевич

декани факултети таърих ва ҳуқуқ

    ddb.mi-02@mail.ru

17-уми сентябри соли 1981  дар деҳаи Гулистони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Таҳсил дар МТМУ-и №33-и н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1988–1999).

Хатмкардаи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2004). Омӯзгори МТМУ-и № 33-и н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2004–2008).

Аз соли 2008 омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Муаллифи 23 мақолаи илмӣ ва илмӣ-омавӣ.

Факултети таърих ва ҳуқуқ

Факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ва фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2001 таъсис ёфтааст.
Дар назди факултет се кафедра амал мекунад:
Дар ибтидои ташкилёбии факултет дар назди он ягона кафедра – кафедраи таърих ва ҳуқуқ фаъолият менамуд. Вазифаи мудири кафедраро дотсент Абдуназаров Х. ба зимма дошт.
Бинобар зарурати таълимию истеҳсолӣ соли 2003 кафедраи мазкур ба ду кафедра – кафедраи таърихи умумӣ ва кафедраи ҳуқуқшиносӣ ҷудо карда шуд. Ба вазифаи мудири кафедраи таърихи умумӣ дотсент Абдуназаров Х. ва кафедраи ҳуқуқшиносӣ саромӯзгор, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Холиқов Р. таъин гаштанд.

Дар ин муддат ба ин кафедраҳо ва факултет омӯзгорони нав: Тағоев С., Тағойбеков Ҳ., Муминова З., Шамсов Т., Азимов Ҳ., Юсуфиён М., ба кор омаданд.

Соли 2007 кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик бо кафедраи ҳуқуқшиносӣ муттаҳид карда шуда, роҳбарии кафедра ба зиммаи профессор Гадозода А. гузошта шуд. Агар дар соли 2007 дар факултет миқдори омӯзгорон 22 нафарро ташкил мекарда бошанд пас имрӯз миқдори онҳо ба 37 нафар расидааст. Соли таъсисёбии факултет агар дар он ҳамагӣ 250 нафар донишҷӯён таҳсил мекарда бошанд, пас имрӯз дар ихтисосҳои таърих-бойгоншиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, 977 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Самтҳои асосиии фаъолияти кафедраи таърихи умумӣ «Омӯзиши
дирӯз ва имрӯзи таърихи Хатлон» ва «Таърихи робитаҳои Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ» мебошад.

Бинобар зарурияти истеҳсолӣ дар заминаи кафедраҳои таърих ва ҳуқуқ ва таърихи умумӣ, услуби таълими таърих ва ҳуқуқ ташкил намудани кафедраҳои нав ба миён омад. Аз ин рӯ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 28.11. 2016 №4 кафедраҳои мустақили таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ таъсис дода шуд. Имрӯз дар факултет 3 кафедра: таърихи халқи тоҷик – мудираш дотсент Казаков Р.С., таърихи умумӣ – мудираш дотсент Алимов Д.Х., методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ – мудираш дотсент Шамсов Т.И. фаъолият менамоянд.
Омӯзгорони факултет дар баробари корҳои таълиму тарбиявӣ инчунин ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ низ машғуланд.