Декани факултети  Химия  ва  биология

ЯТИМОВ Парвиз Мадаминович [тав. 23. 02. 1984 д. Гулистони Ҷ. д. Қаҳрамони Москва (ҳоло н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)-и ввил. Хатлон], химик, номзади илми химия (2015). Таҳсил дар МТМУ-и № 33-и н. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1990–2001). Хатмкардаи факултети химия ва биологияи ДДҚ (ҳолоДДБ) ба номи Носири Хусрав (2006) бо ихтисоси омӯзгори фанни химия. Ассистенти «Кафедраи химияи умумӣ» (2006–2009), омӯзгор, муаллими калон, мудири «Кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ» (2009–2015), мудири «Кафедраи химияи умумӣ» (2015–2016), ҷонишини декан оид ба таълим (2016–2017), мудири «Кафедраи биологияи умумӣ» (2017–2020) ва аз феврали 2021 нозири гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти ҳамин донишгоҳ. Солҳои 2008–2011 аспиранти Ин-ти химия ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ будааст. Дар дар мавзӯи «Хлорное разложение боросиликатных руд Таджикистана» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи 4 дастури таълимӣ, зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ва 2 нахуспатент.

Бо дипломи Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии вил.Хатлон дар соҳаи илмҳои бунёдӣ (2012), ифтихорномаи донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016) ва сипосномаҳо сарфароз гардидааст.