Райҳона Раҳматова – омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буда, дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср иштирок намуд. Мавсуф тибқи низомномаи озмун ба аъзои ҳакамон 1 повест, 1 драма, 3 афсона, эссе ва ҳикоя пешниҳод намудааст.
– Соли аввал аст, ки дар озмуни мазкур иштирок мекунам. Доварон ба ҳар як иштирокчӣ ҳақгӯёнаву боадолатона баҳо медиҳанд. Ман маслиҳати доваронро пазируфта, мекӯшам минбаъд дар роҳи эҷод аз онҳо истифода кунам,– гуфт Райҳона Раҳматова.
