СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ – МАҶОЗӢ (ОНЛАЙНӢ) ДАР ДОНИШГОҲ Posted on 2025-02-212025-02-27 By saidov Дар асоси нақша- чорабинии раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор намудани семенару дарсҳои маҷозӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, мизҳои мудаввар ва семенарҳои омӯзишӣ мунтазам доир мегардад. Тибқи нақшаи раёсати донишгоҳ ва робитаҳои байналмилалӣ дар доираи ҳаикориҳо бо МТОК – и хориҷӣ чорабинихои маҷозӣ барои баланд бардоштани маҳорати педагогию касбии омӯзгорон, сифати таълим семенарҳои омӯзишӣ баргузор гардида истодааст. Ин навбат дар санаи 19 – 20 уми феврал соли ҷорӣ дарси маҷозии мутахассиси Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба номи Иншенали Арабаев семенари омӯзиши доир намуда, аз ҷумла дотсент Донишгоҳи педагогии Алтайи Жукова Татьяна Валерьевна дар мавзуи “Сравнительно сопоставительное обучения глагольным формам ва синкретичные явления в русской грамматикие” бо иштироки донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти руси донишгоҳ гузаронида шуд. Инчунин омӯзгорони факультети педагогика ва варзиш низ мизи мудавар ба таври маҷозӣ бо иштироки мутахассисони филиалҳои ва инистутҳои Донишгохи давлатии педагогии Алтайи дар мавзуи “Масъалаҳои акутуалии таъминоти педагогии хонандагон дар муассисахои таьлими ва педагогию чамъиятӣ” гузаронида шуд. Ёдовар мешавем, ки донишгоҳ семинару мизҳои мудавварро бо дигар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ба таври маҷозӣ мунтазам баргузор менамояд. #Донишгоҳ #Семинар #Онлайнӣ #Донишҷӯён Бойгонӣ