Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, гурӯҳи корӣ бо усули “Мактаб ба мактаб”, зери роҳбарии Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар таъсис дода шудааст, ки сӯҳбат -вохӯрии худро бо хонандагони Литсейи назди донишгоҳ доир намуд.
Гурӯҳи корӣ дар масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдакон ҳам аз ҷониби волидон ва ҳам аз ҷониби омӯзгорон, ҳифзи саломатии кӯдакон дар фасли сармо ва роҳҳои пешгирии кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, истифодаи нодурусти телефон аз ҷониби ноболиғон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, саҳм гузоштан дар тозаю озода нигаҳ доштани шаҳр бо ҳозирин суҳбат доир намуд.

