Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳури Тоҷикистон барои занҳо имконият пайдо шуд, ки дар сиёсати давлатӣ нақши худро гузоранд.
Истиқлолияти давлати тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагони шоиста ва имконият фароҳам овард, ки мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Имрӯз зани тоҷик да баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қушнҳои сарҳади низ фаъолият намуда саҳми худро дар пешрафти ватани азизамон гузошта истодааст. Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи худро бе иштироки занон тасаввур карда наметавонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуаррии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба сари саънаи сиёсат омаданашон доир ба мавқеъ ва мартабаи зан-модар як қатор барномаҳои гунонун муҳлатро қабул намуданд, ки инҳо «Баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010», «Тарбия ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳои роҳбари Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Дурнамои фаъолгардони мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо мебошанд, ки барои озодона кору фаъолият намудани занон дар корҳои давлатӣ равона гардидаанд.
Баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа барои пешрафти сиёат нақши муҳим гузошт. Дар ҳама соҳаҳҳои таърихӣ симои зани тоҷик ҳамчун фарҳанггарову сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманд, ҳунарманду кордон тасвир ёфтааст. Зан беҳтарин муъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ эҳдо кардааст. Иқдоми дигар дар ҷодаи арҷгузори ба мақому манзалати Зан-Модар таҷлили Рӯзи модар аст, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамҷун ҷашни умумимиллӣ ва идомаи анъанаҳои ниёгон бо асолат ва муҳтавои азалиаш ҷашн гирифта мешавад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлатӣ муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Тавре аз Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуаррии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Ҳаминтариқ гуфтан ба маврид аст, ки барои ояндаи дурахшони давлату миллат, оилаву тарбияи насли наврас ва ободии диёр зани тоҷик ҳамеша омодааст, саҳми худро гузорад. Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан–модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Эмомова Гулҷаҳон Далаталиевна-омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ