Сангимурод ШАРИФОВ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.
Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занад сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои Модар.
Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ў оғоз мешавад. Модар дунёи меҳр аст. Модар он сарчашмаи ҷўшони ҳаёт аст, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад. Модар чароғи хонадон, ганҷи бебаҳо ва барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ғамхор ба ҳисоб меравад. Меҳри бењамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷўшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳибмаърифату соҳибкасб ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани занону бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин замина корҳои муҳимме амалӣ шуда истодаанд, ки онҳо натиҷаҳои нек ба бор овардаанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ, ба хусус дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми декабри соли 2024 пешниҳод гардид, омадааст: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Дар ситоиши рисолати занону бонувон тамоми донишмандону бузургони олам суханҳои пурҳикмату арзишманд гуфта бошанд ҳам, ҳанӯз бузургиву шаҳомати модарро васф накардаанд. Максим Горкий хеле ба маврид гуфта буд, ки: «Бе офтоб гул намешукуфад, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоиру қаҳрамон нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст». Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домани поки ў оғоз мешавад. Хушнудии Худованд, хушнудии модар аст. Модар дунёи меҳр аст. Модар он сарчашмаи ҷўшони ҳаёт аст, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Беҳтарин ганҷина дар рўи олам барои фарзанд модар аст. Он ҳама зебогии дунё зи дасти модар аст. Донотарин ва сарватмандтаринњо ба модар эҳтиёҷ доранд, чунки беҳтарини беҳтаринҳо модар аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандро равшан месозӣ!.
Ба тамоми модарони олам саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат ва дар фаъолияти меҳнатиашон бурдбориҳо орзумандам.
Ид муборак модарону бонувони арҷманд!
