Санаи 2-юми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав иттилоъ доданд, ки дар донишгоҳ мутахасисон аз руйи 104 ихтисос дар таҳсили рӯзона ва 53 ихтисос дар таҳсили фосилавӣ омода карда мешаванд.
Зимнан иҷроиши нақшаи қабул 4887 нафар буда, 100 дарсад иҷро гардидааст. Дар соли 2025 аз 4806 нафар донишҷӯёне, ки донишгоҳро хатм кардаанд, 72 нафар донишҷӯён дипломи аъло гирифтаанд.
Тибқи иттилоъ дар ин давра, довталабони донишгоҳ дар озмунҳо аз қабили озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба гирифтани 1 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм, дар озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» 2 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм, дар озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” 2 ҷойи якум ва 1 ҷойи дуюм, дар “Олими сол” 1 ҷойи якум мушарраф гардидаанд. Инчунин, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 3 ҷойи сеюм ба даст овардаанд.
Ба хотири ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва донишҷӯён барои ишғоли ҷойҳои намоён дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳимояи бомуваффақонаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, раёсати донишгоҳ дар соли 2025 онҳоро ба маблағи 332 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намудааст.
Гулчеҳра МАҲМУДОВА
“Набзи Бохтар”

