Хайрзода Ф.А., омӯзгори кафедраи фаъолияти боникии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Имрӯз рушди техника ва технология таъсири худро ба ҳама соҳаҳои фаъолияткунанда расонида истодааст. Нест соҳае ё корхонае, ки аз рушди технологияи муосир баҳра набурда бошад. Дар соҳаи бонкдорӣ таъсири ин технологияи муосир рӯз то рӯз навгониҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Рушди технологияи нави компютерӣ дар низоми бонккдории ҷумҳурии мо низ таъсири худро гузошта, бонкҳои мо низ ба монанди дигар бонкҳои ҷаҳонӣ амалиётҳои худро сари вақт бо истифода аз интернет ва дигар технологияҳои муосир ба роҳ монда истодаанд. Соҳаи бонкӣ яке аз он соҳаҳои фаъолияти инсоният мебошад, ки дар он технологияҳои компютерӣ нисбат ба дигар соҳаҳо самаранок истифода бурда мешавад.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.
Истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи бонкдорӣ ба кам кардани хароҷот ва баланд гаштани сифати хизматрасонї ба мизољон мусоидат менамояд. Дар ин соҳа яке аз хароҷотњои калон ин пардохтани музди мењнати кормандони бонк ва хароҷот барои коркарди ҳуҷҷатҳои пардохтҳо мебошад. Ба технологияҳои навин гузаштани бонкҳо имконият фароњам меоварад, ки ҳайати кормандонаш ва хароҷот барои иҷораи биноҳоро кам кунад. Барои кам кардани хароҷот ҳангоми коркарди ҳуҷҷатҳо бонкҳо ба таҳия ва истифодабарии технологияҳои нави зерини хизматрасонии мизоҷон шурўъ карданд:
• истифодабарии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар асоси кортҳои пластикӣ;
• истифодабарии асбобҳои худхизматрасонии мизоҷон (дар навбати аввал банкоматҳо барои додани пулҳои нақдӣ);
• системаҳои электронии ҳисобӣ кардан дар нуқтаҳои савдо, ки имконият медиҳанд гардиши пулҳои ғайринақдиро ба маротиб кам кунанд.
Шакли ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ, бе ягон шарт аз шакли ҳисоббаробаркунии нақдӣ хубтар ва манфиатноктар мебошад, лекин барои ҷори намудани он дараҷаи муайяни тараққиёти техникӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра зарур мебошад. Аз таърих истифодабарии ҳисоббаробаркунии нақдӣ дар Аврупо ҳанӯз дар асрҳои миёна паҳн шуда буд. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар он давра вуҷуд надошт. Имрӯз бошад ҳисоббаробаркунии нақдӣ ба мамлакатњои ќафомонда хос мебошад.
Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат додани истифодаи воситаҳои пардохтӣ электрони ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор « Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 тасдиқ гардидааст ва мутобиқи он вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатии амаликунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ вазифадор шудаанд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намоянд.
Дар шароити муосир низоми бонкӣ як ќисми таркибии рушди устувори молиявии кишвар ба ҳисоб рафта, механизми пардохтҳои ғайринақдӣ як фишанги муњими рушди иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакатро ташкил медиҳад. Аз ин рў, инкишофи низоми бонкӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ аз баланд бардоштани фарҳангу саводнокии молиявӣ ва истифодаи самараноки иқтисодиёти рақамӣ вобастагии калон дорад.
Ва, маҳз ба ҳамин васила мо метавонем, соҳибистиқлоли воқеъи кишварро таъмин намуда, ба рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар қадамҳои устувор гузорем. Ҳангоми гузариш ба иқтисоди бозорӣ сохтори низоми бонкии кишвар низ куллан тағйир ёфта, муносибатҳои нави пулию қарзӣ, афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ, такмили низоми пардохтҳои ғайринақдӣ , нигоҳ доштани вазъи устувори қарзию молиявӣ ва ғайра равиши навро касб намудааст.
Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон (аз 28.12.2024 с.) солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон, ки “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа намуданд, аз паёмҳои қаблиашон бо чандин андешаҳо фарқ дошт.
Ин навбат Пешвои миллат ҳангоми ироаи паёмашон дар баробари дигар соҳаҳои кишвар ба яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятнок соҳаи иқтислдиёт низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат дар паёмашон иброз доштанд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ба андешаи Пешвои муаззами миллат: “ Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад.
Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми самараноки бонкӣ ҷавобгў ба талаботи муосир ташкил ва инкишоф ёфта истодааст. Тайи даҳсолаи охир низоми пардохтӣ, аз ҷумла пардохти ғайринақдӣ аз ҷиҳати ташкилӣ-иқтисодӣ, техникӣ-технологӣ ба кулли тағйир ёфта, назарияи илмии он ҳам вобаста ба мафҳум ва моҳияти низоми бонкӣ ва пардохтии ғайринақдӣ низ инкишоф ёфта, оид ба он ақидаҳои гуногуни илмӣ мавҷуд мебошад.
Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми солонаи худ (аз 23.12.2022с.) ба Маҷлиси олии кишвар қайд намуданд, ки «…бо мақсади мусоидат ба рушди низоми молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми августи соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шаванд.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумотҳо доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавқияти рушди инфрасохтори пардохтњои ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шавад…»
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар ин самт, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» (аз 22 июни соли 2023, таҳти N586) ба тасвиб расидааст, ки дар асоси он, пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин самт кумитаи андоз низ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии маблағҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Дар айни замон, ҷиҳати сарфа намудани вақт ва кам кардани хароҷот, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои инсонӣ ва таъмини шаффофияти амалиётҳо, шаҳрвандон ва андозсупорандагон метавонанд тавассути хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва POS-терминалҳо андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31 декабри соли 2024 дар маҷмӯъ 65 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 22 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 23 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд, ки ин аз устувории низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тољикистон шаҳодат медиҳад.
Рушди бозори кортҳои пардохтии бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот мебошад. Аз ин сабаб, Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хос дода, ташкили фаъолияти низоми самараноку боэътимоди пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳои пулиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 31- декабри соли 2024 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 25 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 8,4 млн. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба 31-декабри соли 2023 25,7 % зиёд мебошад.
Афзоиши шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ дар солҳои 2018 то 2024
Сол
2018
2019
2020
2021
2022
2023
2024
Шумораи кортҳои пардохтииӯ бонкӣ млн. адад
1,8
2,1
2,8
3,5
5,1
6,7
8,4
Афзоиш бо %
20
31
24
46
32,6
25,7
Сарчашма Бюллетени омори бонкӣ интишори солҳои 2021,2022,2023,2024
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 3 005 адад банкомат ва 3 817 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд (НППН) насб намудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба 31-декабри соли 2023 мувофиқан 34,2 фоиз ва 9,3 фоиз зиёд мебошанд. Илова ба ин, барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ то санаи 31-декабри соли 2024 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 8 138 POS-терминал насб карда шуданд, ки нисбат ба 31-декабри соли 2023 теъдоди онҳо 17,3 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 19 918 QR–рамзи ягона насб карда шудаанд, ки нисбат ба 31-декабри соли 2023 58,6 фоиз зиёд мебошад. Барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, инчунин анҷом додани дигар амалиётҳои қабули пардохтҳо ба санаи 31-декабри соли 2024 9 107 терминалҳои худкори худхизматрасон насб карда шуданд.
Сабаби кам шудани теъдоди QR-рамзҳо гузариши ботадриҷ ба QR-рамзи ягона мебошад.
Хулоса, такмили низоми пардохтњои ғайринақдӣ ба бахши макроиқтисодӣ таъсири мусбӣ расонида намуда, ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, шаффоф ва адолатнок будани амалиётҳои пулию қарзӣ, паст намудани иқтисодиёти пинҳонӣ ва дар ниҳояти кор ба рушди низоми бонкӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намояд. Механизми танзими давлатии пардохтҳои ғайринақдӣ фишанги муҳими ташаккул ва рушди он дар шароити муосир ба ҳисоб меравад. Истифодаи дурусти он дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва иҷрои пардохтҳои пулӣ имкон медиҳад, ки иқтидор ва имкониятҳои истифоданашудаи онҳо, махсусан дар бахши савдо ва хизматрасониҳои бонкӣ пурра муайян гардида, манбаъҳои даромад ва андозбандӣ аниқ шуда, дар ин заминаи он рушди иқтисодиёти рақамӣ пурра таъмин мегардад.
