Имрӯзҳо аз ҷониби намояндагони шуъбаи кадрҳо ва корҳои мухсуси донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо ҳуқуқшиноси донишгоҳ бо хатмкунандагони 14 факултет сӯҳбат – вохӯрӣ доир намуда истодаанд.
Дар ин сӯҳбат-вохӯрӣ Афзалшоҳи Сироҷиддин, намояндаи шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, ҳуқуқшинос Амирҳамза Мирализода оид ба тақсимоти мутахассисон ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон мутобиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон”, “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 27-уми майи соли 2017, №262) тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моариф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсили буҷавӣ, “Комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагон” барои зинаи “бакалавр” ва “мутахассис”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав андешаронӣ намуданд.
Зикр кард, ки мутобиқи банди 8-и Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, маблағҳои хароҷотшуда ба тариқи суд рӯёнида мешаванд. Даъвои судӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи банди 9-и қоида гуфта мешавад, ки бе пардохти маблағ диплом ба мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, вале тибқи роҳхат ба кор ҳозир нашудааст, дода намешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар донишгоҳ 360 нафар донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ, ки аз ин шумора 292 нафар тариқи буҷавӣ ва 68 нафар тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, хатм карда, ҳамчун мутахассис вориди бозори меҳнат мегарданд.



