(Бахшида ба Рӯзи оила)
«Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем. Дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба души онҳо меафтад, пурра эхсос кунанд»
Эмомалӣ Рахмон
Мусаллам аст, ки тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад. Вазифаи оила дар доираи корубори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ки онҳо таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро аз худ намуда, дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд. Чӣ хеле мебинем, вазифаҳои падару модар дар кори тарбияи фарзанд доираи васеъ дошта, аз онҳо пеш аз ҳама донишҳои педагогӣ, психологӣ, маҳорату малакаҳо оид ба кори фарзанд дар оила ва хусусиятҳои беҳтарини инсониро талаб менамояд.
Оила-гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, тарбиятгар, раҳнамои ҳар як шахс аст. Пойдорӣ ва устувории ҷомеа аз оила вобастагии калон дорад. Дар оила ҳамаи мафҳумот, ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои нахустине гузошта мешавад, ки онҳо дар ташаккулёбӣ ва рушду такомули минбаъдаи тамоми маънавиёти ҳар як инсон замина мегузорад.
Вақте ки дар хонадон тифли навзод ба дунё меояд, хушнудию хурсандии аҳли он оила ҳадду канор надорад. Чунин хурсандӣ дар оилаи мо низ рух дод. 6-сентябри соли 1989 бо тавлиди фарзанди нахустинамон ман модар шудаму шавҳари меҳрубонам падар. Ба тифли ба дунё омада бо орзую умедҳои зиёд Алишер ном гузоштем.
Дар аввал тифлаки дӯстрӯякамон солим ва хеле хуб инкишоф меёфт. Вале баъдтар дар 4-моҳагӣ ногоҳ таби баланд ӯро ноором гардонид ва мо фарзандамонро ба беморхона бурдем. Маълум гардид, ки Алишерамон ба бемории шадиди илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) гирифтор гаштааст. Акнун хурсандии мо ба ғам табдил ёфт. Ҳолати Алишер хеле вазнин буд. Баъди табобати зиёд ҳолати ӯ оҳиста -оҳиста беҳтар мешуд. Вале инкишофи ӯ бо мушкилӣ мегузашт. Ҳарчанд медидам, ки ташаккули организми Алишер нисбат ба ҳамсолон суст буд, вале боварӣ доштам, ки ӯ шифо ёфта ба ҳамсолонаш баробар мешавад.
Ҳодисае, ки он вақт ба сарам омад, ҳеҷ аз ёдам фаромӯш намешавад. Рӯзе тасодуфан варақаи тиббӣ ба дастам афтод. Дар он натиҷаи ташхиси шунавосанҷӣ (аудиограмма) сабт шуда буд, ки Алишер ношунаво аст. Ҳуш аз сарам парид. Акнун дар ман як ҳолати рӯхафтодагӣ пайдо шуд. Ғамгин гаштам. Вале шавҳари меҳрубонам ҳамеша дастгирам буд, ба якдигар тасаллӣ медодем ва иродаи худро қавитар месохтем, чунки дар оилаи мо меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигар асоси оиларо ташкил мекард.
Аввалин кӯшиши мо аз он иборат буд, ки ӯро ба боғчаи бачагона бурдем. Бо ин мақсад ба мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа шодравон У.Муминов муроҷиат намудем. Хоҳиш кардем, ки фарзандамонро ба боғча қабул намоянд, чунки дар он давра кӯдакони нуқсондорро ба боғча роҳ намедоданд.
Вақте ки дар чорабиниҳои тарбиявии боғчаи №19 падару модаронро даъват мекарданд, мо аз кордонии мураббӣ Савринисо Саидшоевна қаноатманд будем, ки ба Алишер нақшҳоеро мегузошт, ки аз ӯҳдааш ба хубӣ мебаромад. Мураббӣ ба ӯ бештар аҳамият медод.
Алишерро баъди хатми боғчаи №19-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1995 дар синни 6-солагӣ барои таҳсил ба мактаб- парваришгоҳи ҷумҳуриявии ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ бурдем. Таҳсил дар он давра дар ин мактаб хеле мушкил буд. Бо ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, мо ҳар рӯзи ҷумъа ба мактаб- парваришгоҳи номбурда рафта, 2 рӯз фарзандамонро дар хона бо меҳру муҳаббат иҳота мекардем. Бо меҳру муҳаббати аҳли оила ва омӯзгорон ин мактаб-парваришгоӯро Алишер таҳсилро хатм намуд.
Акнун мо ҳамаи гапҳои ӯро мефаҳмидем ва бо ӯ дар муошират будем. Бо ташаббуси ҷамъияти кару гунгҳои шаҳри Қӯрғонтеппа бачаҳои қобилияти мошинронӣ доштаро ба муассисаи Иттифоқи автомобилчиёни шаҳри Қӯрғонтеппа дар курсҳои ронандатайёркунӣ ба омӯзиш фаро гирифтанд. Алишер дар синни 19-солагӣ курси ронандагиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гашт. Акнун вай ба орзуи деринаи худ расид, барои идора намудани воситаи нақлиёт падараш ба ӯ боваринома (доверенность) дод.
Синну соли ӯ барои ташкили оила мувофиқ шуд. Бисёриҳо маслиҳат медоданд, ки ба ӯ арӯси солими бенуқсон интихоб намоем. Ману шавҳарам ба назди одамони ношунаво рафта, дар ин боб суҳбатҳо кардем. Пас аз ин вохӯриҳо ва бо маслиҳати ҳамдигар ба ӯ арӯси нозанине, ки забонаш лакнат дошт, интихоб намудем.
Як оилаи хушбахт ташкил шуд. Худованд барояшон фарзандони солеҳ ҳадя намуд ва ба онҳо бо муҳаббати зиёд Муҳаммад, Юсуф ва Абубакр ном гузоштанд. Муҳаммад, Юсуф ва Абубакр гап мезанан. Забони имову ишораро дар муошират бо падару модар истифода мебаранд. Дар тарбияи фарзандонашон низ мо кӯмак мекунем.
Маҳз солимии хонавода, меҳру муҳаббат, якдигарфаҳмиамон сабаб шуд, ки ба тарбияи фарзанди нуқсондорамон муваффақ шудем. Алишер воситаи нақлиётро бисёр хуб идора карда метавонад. Бо технологияи информатсионӣ алоқаи хуби корӣ дорад. Корҳои ҷисмониро дӯст медорад ва дунёи зебои худро дорад. Дар расм тасвирҳои хеле зеборо худро рӯи коғаз меорад. Ба мо ва атрофиён муҳаббати бепоён дорад. Зиндагиро дӯст медорад ва аз меҳнати худ ҳаловат мебарад. Кишту кори замини назди ҳавлигиро меписандад. Алишер меҳнатдӯст аст, дар корҳои ҷамъиятии маҳалла ва ҷамъияти ношунавоён иштироки фаъолона меварзад. Дӯстони зиёд низ дорад.
Барои ба ин дараља расидан мушкилињои зиёдеро паси сар кардан лозим омад. Шахсан ман њамчун модаре, ки фарзанди ношунаво дорам, дар чандин семинару конфренсияњо оиди таълиму тарбияи кӯдакони нуқсондор иштирок кардам.
Дар моддаи 9-уми қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «Ба фарзанди имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ, руҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд».
Ношунавоӣ яке аз намудҳои маъюбӣ ба ҳисоб меравад. Дар кӯдаки ношунаво ҳисси танҳоӣ ва нофаҳмиҳо пайдо мешавад. Ба кӯдакони ношунаво ҳамчун кӯдакони дигар муҳаббат ва аҳамияти падару модар ва наздиконашон лозим аст, то ки онҳо солим ва хушбахт ба воя расанд. Онҳо бояд даванду бозӣ кунанд, саривақт хӯрок хӯранду хоб раванд ва бо атрофиён суҳбат кунанд. Ба кӯдаки ношунаво барои ёд гирифтани иртиботи дуруст ёрии мову шумо лозим аст.
Пеш аз ҳама аҳли ҷомеа, хусусан падару модаре, ки фарзанди ношунаво дорад, бояд забони имову ишораро ба ҳамаи аҳли оила ёд диҳанд. Забони имову ишора ин забони махсус буда, дорои алифбои панҷаҳо мебошад.
Дар тарбияи кӯдакони ношунаво чунин усулҳоро истифода баред:
– Аз вай чӣ хостанамонро назар ба фаҳмондан, нишон диҳед беҳтар аст.
– Вақте ки кӯдак корро иҷро кунад, ӯро руҳбаланд намоед.
– Дар аввал кӯдаки ношунаво танҳо бозӣ мекунад, вале падару модар ӯро водор намояд, ки бо гурӯҳи бачаҳо бозӣ кунад.
– Пеш аз гап задан доимо диққати ӯро ба худ ҷалб намоед.
– Вақте, ки шумо бо кӯдак гап мезанед, доимо ба тарафи вай нигоҳ кунед, чунки баъзе аз ношунавоён ба лаб менигаранду баъзеҳо ба ҳаракати даст.
– Дар оилае, ки кӯдаки ношунаво ҳаст, бо овоз гап занед, ҳам, бо дастонатон ишора кунед.
– Агар хонаатон дар шаҳр дар биноҳои бисёрошёна бошад, хати занги дарро бо фурӯзонак пайваст намоед.
– Алифбои забони имову ишораро ҳатман дар хонадон нигоҳ доред.
– Кӯшиш кунед, ки кӯдаки ношунавоятон забони имову ишораро донад.
Кӯдакони ношунаво бо омӯзиши забони имову ишора ба чӣ муваффақ мешаванд:
– Дараҷаи дониши худро баланд мебардоранд.
– Муҳити иҳотакардаро дарк карда метавонанд.
– Хусусиятҳои иљтимоӣ ва ахлоқии худро инкишоф медиҳанд.
– Ҳиссиёт, эҳсосот, хоҳиш ва ақоиди худро ифода менамоянд.
Таҷрибаи ҳаётӣ шаҳодат медиҳад, ки донистани забони имову ишора ҳамчун дигар забонҳо барои ҳар як фарди ҷомеа ҳатмист. Дар ҷомеае, ки сохти демократиро интихоб намудааст ва технологияи иноватсионӣ ворид шудааст, аз нафарони ношунаво бояд истифода бурд. Чуноне, ки шахсони ношунаво мегӯянд: «Одами ношунаво ҳама корро карда метавонад». Дар ҳақиқат ҳам бо донистани забони имову ишора, бо гирифтани таҳсилот онҳо ҳамчун шахсони комилҳуқуқ дар ҷомеа эътироф мешаванд.
Падару модарони азиз!
– хоҳед, ки фарзанди шуморо дӯст доранд, аввал худатон ва аҳли оилаатон ӯро дӯст доред.
– хохед, ки фарзанди шуморо дигарон эҳтиром кунанд, пеш аз ҳама худатон ва аъзоёни оилаатон ӯро ҳурмату эҳтиром кунед.
– хоҳед, ки дар ҷомеа хамчун шахси комилҳуқуқ бошад ҳуқуқҳои ӯро дар оилаатон риоя намоед.
– фарзанд хадяи Худованд, меваи умри инсон аст. Мо бояд ӯро гиромӣ дорем.
Дар раванди инкишофи шахсияти фарзанд масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст, чунки фарзандон муносибати худро ба олами атроф, пеш аз хама аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд.
Ба ҳамин тариқ, таҷриба нишон дод, ки дар натиҷаи тарбияи дуруст ва таълими муттасил бачаҳои нуқсондорро низ мо метавонем ҳамсафару ҳамнафаси ҷомеа созем ва ӯро ба созандаи ҳаёти фардо табдил диҳем.
Бобоева Гулбаҳор,
дотсенти кафедраи педагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав
