Бинои таълимии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 23- юми марти соли 2019 ба истифода дода шуд, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 24 синфхона, аз ҷумла 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, 9 утоқи корӣ мавҷуд аст, ки бо тамоми шароити муосири таълим таъмин мебошанд.
Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дорои се кафедра -кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи фалсафа мебошад.
Дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар маҷмуъ 85 нафар омўзгор, аз он ҷумла 5 нафар профессорон, 13 номзади илм, 3 нафар саромўзгор ва 64 нафар асистентон ба донишҷўён дарс медиҳанд. Дар факултети мазкур гурўҳҳои таълимашон бо забони русӣ ва англисӣ таъсис дода шуда, фаъолияти назаррас доранд.
Дар назди факултет аз ҳисоби кафедраҳои пешбар 3- маҳфили илмӣ –“Дунёи сиёсат”, “Минбари ҳуқуқшинос” ва “Файласуфони қавон” фаъолият намуда истодааст, ки роҳбари онҳоро омўзгорони ботаҷрибаи факултет бар уҳда доранд.
Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ мувофиқ ба нақшаҳои таълимӣ имсол донишҷўёнро аз рўи 8 ихтисос ба таҳсил ҷалб менамояд.
1-24010213 – Пси хологияи ҳуқуқшиносӣ.
1–230106–0103– Сиёсат ва идораи давлатӣ.
1-26010201 – Танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ.
1–230101-Муносибатҳои байналмилалӣ.
1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ.
1-240103 – Ҳуқуқи иқтисодӣ.
1–230106-01 – Сиёсатшиносӣӣ (фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ).
1-210201 – Фалсафа.
Муваффақияти дигари назарраси факултетро таъмини кадрҳои баландихтисос, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шудаанд, ташкил медиҳад.