Дар идомаи кори конфронсияи илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён бахшида ифтихори Рӯзи илми тоҷик дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ баргузор гардид.
Конфронсия аз рӯи се самти асосӣ — таҳлили иқтисодӣ ва аудит, андоз ва андозбандӣ, инчунин фаъолияти гумрукӣ кори худро идома дод.
Дар ҷараёни бахшҳо маърӯзаҳои илмии устодону донишҷӯён шунида шуда, масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди миллӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён доир ба татбиқи усулҳои муосири таҳлил, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва рушди иқтидори кадрӣ фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми кори бахшҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, беҳтарин маърӯзаҳо тавсия гардиданд, ки барои нашр дар маҷмӯаи илмии конфронсия пешниҳод карда шаванд.

